Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон. Узбекистон ҷазо таъйин кард, Тоҷикистон чӣ?


Дар Узбекистон пешниҳод карданд, ки барои сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон ва монеъ шудан барои гирифтани иттилоъ, масъулон то 115 доллари амрикоӣ ҷарима шаванд. Дар Тоҷикистон низ қонунгузорӣ барои сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо расонаҳо муҷозотеро пешбинӣ кардааст. Аммо, ба гуфтаи соҳибназарон, ба далели набудани "иродаи сиёсии мақомоти баландпоя", ин муқаррарот сарфи назар мешавад.

Ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар Узбекистон баррасии ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шурӯъ шудааст, ки ислоҳи моддаи 197 ин қонунро дар назар дорад.

Тибқи ин ислоҳи қонунгузорӣ, минбаъд дахолат, мамоният дар фаъолияти қонунӣ ё маҷбурсозии журналист ба пахши иттилое ва ҳамзамон надодани иттилоъ, бозхонди беасоси муҷҷавиз ё бозхонди он ва мусодираи таҷҳизоти фанни хабарнигор, ба маблағи аз ду то панҷ нишондоди ҳадди аққал ҷарима мешавад.

Феълан дар Узбекистон як нишондоди ҳадди аққал баробари 223 ҳазор сӯм ё 23 доллари амрикоӣ мебошад. Муҳокимаи ин тағйирот то 28-уми январи соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори мустақили тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз даҳ сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон қонунҳо ва дастурҳои раиси ҷумҳур тасвиб шудааст, ки барои сарпечӣ аз ҳамкорӣ бо хабарнигорон муҷозоти сангинеро пешбинӣ мекунад. Аммо, ба гуфтаи вай, ин ҳама муқаррарот аз сӯи мақомоти тоҷик сарфи назар мешавад.

Раҷаби Мирзо афзуд, ки муҳим иродаи сиёсии мақомоти баландпоя мебошад, вагарна, қонунгузории Тоҷикистон барои надодани иттилоъ ба хабарнигорон боз кардани парвандаи ҷиноятиро низ пешбинӣ кардааст. Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, дар солҳои ахир ҳеҷ ҳодисаеро наметавон ба хотир овард, ки додситонӣ нисбати мақоме дар ин замина парвандае боз карда бошад. "Мутмаинам, ҳатто роҳандозии ситонидани ҷарима дар Узбекистон дар ин робита наметавонад иродаи сиёсии мақомоти тоҷикро тағйир диҳад",-афзуд вай.

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ бар ин назар аст, ки ҳеҷ яке аз тағйирот дар фазои иттилоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад буд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, дар гузашта Тоҷикистон дар масоили ҳамкории миёни давлат ва расонаҳо дар миёни кишварҳои минтақа пешрав буд.

Қаршибоев афзуд, "дар гузашта фармони президенти Тоҷикистон дар бораи дастгирии матбуот содир шуда буд, ки ба пуррагӣ иҷро намешавад. Сипас, фармони 622 президент дар бораи вокунишҳо ба матолиби таҳлиливу интиқодӣ буд, ки он ҳам ба пуррагӣ иҷро намешавад. Фикр мекунам, тасмимҳои нави қонунгузории Узбекистон дар оянда ба фазои иттилоотии Тоҷикистон ҳам таъсир мекунад, аммо муҳим ин аст, ки мақомоти баландпоя дар ин замина иродаи сиёсиеро дар ихтиёр дошта бошанд. Ҳарчанд, қонунгузории мо муқаррароти хуберо пешбинӣ мекунад, вале дар иҷрои онҳо мо бо ду пой мелангем".

Абдумалик Қодиров, раиси намояндагии созмони "Интернюс" дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи маъмул ҳар раванде дар ҳамсоякишвар ҳатман ба кишвари дигаре таъсиррасон мебошад. Ба гуфтаи ҷаноби Қодиров, маҳз хатари шиддат гирифтани раванди исломгароӣ дар даҳаи 1990 дар Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсояро водор кард, ки алайҳи чунин раванде дар кишвари худ иқдом кунанд.

Ҷаноби Қодиров афзуд, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар назар аст ва ба ин далел, ҳеҷ сабукие дар заминаи беҳбуди дастрасӣ ба иттилоот пешбинӣ намешавад. Ин таҳлилгари тоҷик ибрози таассуф кард, ки мақомоти Тоҷикистон аз таҷрибаи кишварҳои худкома ба хубӣ истифода мебараду аз таҷрибаи кишварҳои демократӣ барои таъмини озодиҳои сиёсӣ на. Аммо ба гуфтаи вай, дар ояндаи дур татбиқи муқаррароти нави қонунгузории Узбекистон дар бозтар шудани фазои иттилоотии Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот дар соли 2019-ум аз миёни 180 кишвар дар ҷойи 161 қарор гирифтааст. "Фазои олуда ба тарс рӯзноманигоронро аз бозтоби мавзӯъҳои ҳассос бозмедорад", -гуфтааст созмони Хабарнигорони Бидуни Марз.

Ин созмон аз ҷумла аз фишор ба расонаҳои байналмилалӣ низ ёдовар шудааст. "Рӯзноманигорон ва касоне, ки барои бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ кор мекунанд, бо таҳдиди доимии бозхонди аккредитатсия ё парвонаи кор рӯ ба рӯ ҳастанд".

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG