Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии мизбонон дар Олимпиадаи наврасон дар Лозанна


Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот мунтахаби Швейтсария бо касби 13 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми аввал қарор дорад.

Мунтахаби Русия бо касби 11 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 5 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол кардаанд.

То ҳоло варзишгарони навраси 20 кишвар медал гирифтаанд. Ба ҷуз аз варзишгарони Швейтсария, Русия ва Ҷопон боз намояндагони 9 кишвар – Шведсия, Фаронса, Австрия, Нидерланд, Италия, Испания, Норвегия, Кореяи Ҷанубӣ ва Полша бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.

Ба ғайр аз варзишгарони Русия, дар ин Бозиҳо боз намояндагони ду кишвари собиқи шӯравӣ Беларус ва Гурҷистон яктоӣ медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ширкат надорад.

Аз Қазоқистон 25 варзишгар, аз Қирғизистон 2 варзишгар, аз Туркманистон ва Узбекистон якнафарӣ ба Олимпиадаи зимистона роҳхат гирифтаанд. Вале то ҳоло аз ин кишварҳо касе медал ба даст наовардааст.

Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна 22-юми январ ба анҷом мерасад. Дар бозиҳо беш аз 1800 варзишгари синашон аз 14 то 18-солаи наздики 80 кишвар аз рӯи 16 намуди варзиш - биатлон, бобслей, ҳоккейи рӯи ях, лижатозӣ, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, скелетон, шорт-трек ва ғайра - барои 81 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG