Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои нав. Ҳавопаймои украинӣ дар Эрон бо ду мушак сарнагун шудааст. САДО


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори видеоии нав нашр шуд, ки нишон медиҳад Сипоҳи посдорони Эрон ба сӯи ҳавопаймои мусофирбари украинӣ ду мушак партоб мекунад. Ҳавопаймои "Боинг"-и Украина рӯзи 8-уми январ дар авҷи таниши Эрон ва Амрико дар пасманзари қатли фармондеҳи нерӯи "Қудс" Қосим Сулаймонӣ, бо 176 мусофир ва ҳайати парвоз, дар наздикиҳои Теҳрон сарнагун шуд.

Мақомҳои Эрон то се рӯз партоби мушак ба ин ҳавопайморо инкор карданд ва суқути онро "нақзи фаннӣ" гуфтанд, вале пас аз вокуниши густурдаи ҷаҳонӣ ба ин қазия, Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи шанбеи 11-уми январ эълом кард, ки ҳавопаймо иштибоҳан сарнагун карда шудааст.

Дар ҳоле ки Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи ҳавоии Сипоҳи посдорон аз партоби танҳо як мушак ба ин ҳавопаймо хабар дода буд, навори нав нишон медиҳад, ки ду мушак дар фосилаи тақрибан 30-сонияӣ ба ҳавопаймои украинӣ партоб шудааст.

Бар асоси ин видео, ҳавопаймои украинӣ ба вуҷуди ҳадаф қарор гирифтан, фавран сарнагун намешавад, балки бо чархидан дар атрофи фурудгоҳ оташ гирифта, чанд дақиқа баъд метаркад ва дар атрофи яке аз деҳаҳо сарнагун мешавад.

Рӯзномаи амрикоии "Ню-Йорк Таймз" бо тасдиқи ин видео гуфтааст, маҳалле, ки навор бардошта шудааст, дар наздикии яке аз пойгоҳҳои низомии Эрон мебошад.

Ҳавопаймои украиниро дар Эрон бо ду мушак задаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Қаблан гузориш шуда буд, ки дастгоҳи фиристандаи сигнали ҳавопаймо пеш аз суқути он, аз кор монда буд ва ҳамин масъала эҳтимоли нақзи фанниро ба миён оварда буд. Ҳоло мушаххас шудааст, ки дастгоҳи фиристандаи сигнали ҳавопаймо бо партоби аввалин мушак аз кор афтода буд ва пас аз партоби дувум, ки 23 сония баъд сурат мегирад, ҳавопаймо сарнагун мешавад.

Фиристандаи сигнал дастгоҳе мебошад, ки ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ ва мусофирбарӣ ба воситаи он ба таври доим ба радарҳои фурудгоҳ огоҳӣ фиристода, худро муаррифӣ мекунанд.

Пеш аз ин, як навори видеоӣ аз партоби як мушак ба ин ҳавопаймо нашр шуда буд. Тибқи арзёбиҳо, фарде, ки наворро гирифта буд, баъд аз онки мутаваҷҷеҳи партоби мушаки аввал мешавад, бо дурбин ё мобайли худ саҳнаи партоби мушаки дувумро сабт кардааст.

Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорон, рӯзи сешанбе хабар дод, мақомоти ин ниҳод фардеро, ки ин видеоро сабт карда буд, боздошт кардааст.

Сухангӯи Додгоҳи Эрон рӯзи сешанбе эълом кард, ки дар робита ба сарнагун кардани ҳавопаймо чанд нафар боздошт шудаанд, вале ҳеч ҷузъиёт дар бораи ин афрод ва ҷойгоҳи низомии онҳо дар Сипоҳ ироа накард.

Украина ва Канада хостори шаффофият дар таҳқиқи ҳодиса шудаанд. Вазири умури хориҷии Украина рӯзи душанбе ба хабаргузории "Рейтерз" гуфта буд, ки "ҳама афроди вобаста дар ин ҳодиса бояд посух диҳанд".

Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон рӯзи 14-уми январ сарнагун кардани ҳавопайморо як "хатои дарднок ва нобахшиданӣ" хонд ва гуфт, "дар ин достон наметавонад фақат як нафар гунаҳкор бошад". Ӯ аз қувваи адлияи Эрон хост, ки як додгоҳи вижа барои расидагӣ ба ин ҳодиса ташкил кунад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG