Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯҳои сулҳи Либия ба таъхир афтод


Фоиз ас-Сарраҷ ва Халифа Ҳафтар
Фоиз ас-Сарраҷ ва Халифа Ҳафтар

Гуфтугӯҳои сулҳ дар Маскав миёни раҳбарони рақиби Либия пас аз он ки рӯзи 13-уми январ пешниҳодҳои оташбаси Русия ва Туркияро баррасӣ карданд, як шаб ба таъхир афтод.

Фоиз ас-Сарраҷ, сарвари давлати миллии аз тарафи Созмони Миллал шинохташуда дар Триполи ва рақиби ӯ Халифа Ҳафтар - фармондеҳи Артиши Миллии Либия (LNA) - бо дипломатҳои олӣ ва мансабдорони ҳарбии Русия ва Туркия вохӯрданд.

Гуфтугӯҳо тақрибан ҳафт соат давом кард ва пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд. Сарраҷ ва Ҳафтар бо ҳам вонахӯрданд.

Созишномаи санҷишӣ рӯзи 12-уми январ эътибор пайдо кард. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамтои турки ӯ Мавлуд Човушоғлу гуфтанд, ки Сарраҷ ин тарҳро имзо кардааст, аммо Ҳафтар барои баррасии он вақти бештар дархост кардааст.

Оташбас ба ҷангҳои сахт ва ҳамлаҳои ҳавоӣ хомӯшӣ овард. Тарафҳо якдигарро дар вайрон кардани созишнома айбдор карданд, зеро дар атрофи пойтахт тирпаррониҳо идома ёфтанд.

Бисёре аз нозирон мегӯянд, нигоҳ доштани оташбас бо хусусиятҳои бесуботӣ ва ноустувории гурӯҳҳои низомии Либия душвор хоҳад буд.

Давлати Африқои Шимолӣ аз замоне ки фармонравои пешини он Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 барканор ва кушта шуд, ба ҷангу кашмакашҳо рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG