Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чанд кас дар Эрон дар робита ба суқути ҳавопаймои украинӣ


Мақомоти Эрон чанд касро дар доираи парвандаи сарнагунсозии "Боинг"-и ширкати ҳавопаймоии Украина боздошт карданд.

Ғуломҳусайн Исмоилӣ, сухангӯи додгоҳи Эрон гуфт, ҳамаи боздоштшудагон дар суқут додани ҳавопаймо даст доранд. Аммо гуфта намешавад, ки дар маҷмуъ чанд нафар боздошт шудааст.

Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон низ субҳи имрӯз ваъда дод, ҳамаи касоне, ки дар суқут додани ҳавопаймо даст доранд, муҷозот хоҳанд шуд.

57 тан аз 176 қурбонии ҳавопаймои украинӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми январ аз Теҳрон ба Киев парвоз мекард ва аз сӯи Сипоҳи посдорони Эрон сарнагун шуд, эронӣ-канадаӣ буданд. Дар миёни қурбониёни ин ҳодиса шаҳрвандони Эрон, Афғонистон ва Украина низ буданд.

Ҳавопаймои "Боинг"-и украинӣ рӯзи 8-уми январ дар ҷараёни ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба ду пойгоҳи мавриди истифодаи Амрико дар Ироқ дар интиқом ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ бо дастури Доналд Трамп, дар наздикии Теҳрон сарнагун шуд.

Се рӯз пас аз суқути ин ҳавопаймо, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар баёнияи расмӣ пазируфт, ки Сипоҳ дучори хато шуда, ба иштибоҳ ин ҳавопайморо ҳадаф қарор додааст.

XS
SM
MD
LG