Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости 22 соли зиндон барои раҳбари пешини "Манзили дастрас"


Нурулло Наимов, раиси пешини "Манзили дастрас"

Намояндаи додситонӣ рӯзи ҷумъаи 10-уми январ аз додгоҳ хост, ки Нурулло Наимов, раиси пешини ширкати "Манзили дастрас"-ро барои 22 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Муштариёни "Манзили дастрас" ҳоло нигаронанд, ки баъд аз эълони ҳукм, сарнавишти маблағҳои онҳо чӣ мешавад ва оё онро бозпас гирифта метавонанд ё на.

Додситонӣ дар баробари Нуруллоҳ Наимов, барои ҳамроҳони ӯ Рустам Раҷабов 18 сол, Маҳина Раҷабова, Хуҷамқул Расулов, Хуршед Хоҷаев ва Алиев 10-солӣ зиндон талаб кардааст.

Боздошти Наимов ва ҳамроҳонаш бар асоси шикояти муштариёни тарҳи "Манзили дастрас" сурат гирифта, баррасии ин парванда аз як сол беш ба ин тараф идома дорад. Парвандаи онҳо дар оғоз аз ҷониби додситонии пойтахт ва сипас аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ ва ба Додгоҳи шаҳри Душанбе ирсол шуд.

Мақомот Нуруллоҳ Наимов ва ҳамроҳонашро барои аз худ кардани пули муштариён муттаҳам мекунанд. Мақомоти додситонии шаҳри Душанбе қаблан гуфта буд, ки даҳҳо тан аз муштариёни ин тарҳ шикоят кардаанд, ки масъулини "Манзили дастрас" аз онҳо пул дарёфт карда ва ба хазинаи ин тарҳ ворид накардаанд.

Ҳоло Нурулло Наимов аз ҷабридаҳо ва КВД "Манзили дастрас" ҳудуди 27 миллион сомонӣ қарздор будааст. Худи Нурулло Наимов рӯзи 3-юми январ дар мурофиаи додгоҳӣ ба ҷабрдидаҳо ваъдаи пардохти маблағро додааст. Мақомот дар гузашта гуфта буданд амволи ӯро, ки аз хонаву мошинҳо иборат аст ва тақрибан 20 миллион сомонӣ арзиш дорад, ҳабс кардаанд.

Ҳайдар Нормуҳаммедов, вакили дифои Рустам Раҷабов, ки дар мурофаи рӯзи 10-уми январ иштирок доштааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз додрас талаб намуданд, ки амволи зерҳимояашро аз ҳабс озод кунанд, то пули муштариёнро баргардонад.

Нурулло Наимов, раиси собиқи тарҳи "Манзили дастрас” дар моҳи августи соли 2018 муваққатан аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Парвиз Абдураҳимзода корро оғоз карда буд. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дар тобистони соли 2018 аз додситонӣ тақозо карда буд, то амалкарди масъулини сохтмони "Манзили дастрас"-ро тафтиш кунанд.

Давоми ин муддат муштариёни "Манзили дастрас" борҳо аз таъхир дар баррасии парванда ва эълони ҳукм изҳори нигаронӣ намуда буданд. Онҳо мегӯянд, ба умеди манзили дастрас, солҳо боз иҷоранишину бесарпаноҳанд ва ҳанӯз маълум нест, ки баъди эълони ҳукм маблағашонро бозпас мегиранд ё не. Айбдоршавандаҳо дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, ба "қадри имкон" талош хоҳанд кард, ки пули муштариёнро бозпас бидиҳанд.

Саидмурод Мардонов, ҳунарпешаи театр яке аз муштариёни ин ширкат аст, ки орзу дошт аз ин тарҳ манзил бихарад. Ӯ чаҳор соли пеш 75 ҳазор сомонӣ ё 25 дарсади маблағро ба ин ширкат пардохт карда, интизори анҷоми сохтмон шуд. Худи ӯ мегӯяд, бар асоси дастури шаҳрдори собиқ, бояд ин ҳунарманди тоҷик барои хизматҳояш дар соҳаи фарҳанг бо пардохти 50 дарсадии маблағ соҳиби хона мешуд.

"Вақте кор ба прокуратура рафт, ман ҳам шикоят кардам. Аммо дар онҷо гуфтанд, ки на дастури раиси собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳасту на санаде, ки ман маблағ пардохт кардам. Баъд фаҳмидам ки пулро гирифтанду ҳеҷ санаде тартиб надоданд. Ҳоло мераваму мебиёям. Ҳеҷ чиз маълум нест",-гуфт Саидмурод Мардонов.

Мисли Саидмурод Мардонов, даҳҳо муштарии дигари ин тарҳ рӯз мешуморанд то бифаҳманд, ки баъди эълони ҳукми додгоҳ сарнавишти маблағҳояшон чӣ мешавад. Бархе муштариёне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд, бо гузашти шаш сол бо мушкили зиёдтаре рӯ ба рӯ шуданд.

Дилором -- аз муштариёни ин тарҳ соли 2017 ба далели он, ки нархи хонаҳои "Манзили дастрас" дар муқоиса ба сохтмонҳо арзонтар буд, ба ин ширкат пул пардохт кард. Ӯ 75 ҳазор сомонӣ ё 25 дарсади пули хонаро пардохт кард. Аммо бо гузашти ду сол ба ӯ гуфтанд, ки исмаш дар феҳристи муштариён нест ва шартномае, ки дар даст дорад тақаллубӣ аст. "Якуним сол шуд овора шуда гаштам. Шаш моҳ боз ба мурофаи судӣ меоем, натиҷа маълум нест. Аз ҳабс шудани Нурулло Наимов ман ҳам хурсанд нестам, пули моро баргардонад",-гуфт ӯ.

Мақомот низ дар гузашта гуфта буданд, ки таҳлили фаъолияти ин корхона муайян намуд, ки роҳбарияти корхона аз шаҳрвандон маблағи пулӣ қабул намуда, онро ба хазинаи корхона ворид накардааст.

Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 оғоз шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Собиқ шаҳрдори Душанбе бо пиёда кардани тарҳи "Манзили дастрас" мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар умум кормандони будҷавӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.

Нархи як метри квадратӣ аз хонаҳои ин ширкат аз 1981 то 4501 сомонӣ вобаста ба ошёнаҳо буд, ки назар ба сохтмонҳои нав дар Душанбе арзонтар аст. Саҳми аввалияи он 50 дарсади арзиши умумии хонаро ташкил дода, маблағи боқимонда моҳ ба моҳ тақсим мешуд. Харидорон моҳе як бор онро ба суратҳисоби бонкии корхонаи "Манзили дастрас" мегузаронданд.

Аммо соли 2017 ин ширкат муфлис ва баъдан раҳбари он ҳамроҳ бо чанд тани дигар бо ҷурми қаллобӣ боздошт шуданд. Танҳо бо гузашти шаш сол ва иваз шудани раҳбари он, молики нави ширкат рӯзи 27-уми декабри соли гузашта ин тарҳи нотамомро пурра ба анҷом расонид ва дар ҳузури шаҳрдори Душанбе ба соҳибонашон супорид. Аммо бо ин мушкили гурӯҳе аз муштариёне, ки дар даст санадҳои қалбакӣ доранд, ҳалношуда боқӣ монд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG