Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши тарафҳо барои қатъи ҷанг дар Либия


Яке аз сарбозони нерӯҳои ҳукумати таҳти ҳимояти Созмони Милал дар Либия.
Яке аз сарбозони нерӯҳои ҳукумати таҳти ҳимояти Созмони Милал дар Либия.

Дар Либияи ноором, нерӯҳои вафодор ба фармондеҳи бонуфуз Халифа Ҳафтар ва ҳукумати таҳти ҳимояти Созмони Милал гуфтанд, ки ба созиши оташбас мувофиқат кардаанд. Созише, ки мумкин аст, ба ҷангҳои шадид дар ин кишвар дар шимоли Африқо хотима гузорад. Ҳафтар фармондеҳи худхондаи Артиши Миллии Либия аст. Ӯ гуфт, ки созиши оташбас аз рӯзи 12-уми январ ба иҷро медарояд ва аз тарафи ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо пешшарт пазируфта шудааст.

Аҳмад Мисмарӣ, сухангӯи Артиши Миллии Либия дар як баёнияи видеоӣ гуфт, “ҳаргуна нақзи созиш, ҷавоби сахт хоҳад дошт.” Ҳукумати мусолиҳаи миллии Либия рӯзи 12-уми январ бо нашри як баёния гуфт:”Дар посух ба дархостҳои раиси ҷумҳури Туркия ва раиси ҷумҳури Русия барои созиши оташбас, раиси Шӯрои ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз соати дувоздаҳи 12-уми январ созиши оташбас эълон кард.”

Ҳукумати Либия дар гузашта аз даъватҳо барои созиши оташбас истиқбол карда, вале айни замон гуфтааст, ки муҳофизати мардум масъулияташ аст. Дафтари Созмони Милал дар Либия низ аз созиш истиқбол кард ва аз ҳамаи тарафҳо хост, ки онро риоят намоянд, то шароит барои ҳалли тамоми баҳсҳо дар муколамаи байни мардуми Либия фароҳам шавад.

XS
SM
MD
LG