Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ВКД ба иддаои шиканҷа шудани 3 бародар. ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, иддаои Бибиҷон Назарова, сокини шаҳри Норак дар мавриди шиканҷа шудани писараш ҳангоми боздошт аз ҷониби маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, “ягон асоси қонунӣ надорад.”

Пештар Бибиҷон Назарова, сокини шаҳри Норак дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 31-уми декабр писаронаш Парвиз, Орзу ва Алишер Набиевҳо, ки барои таҷлил аз соли нав аз Норак ба Душанбе омада буданд, аз ҷониби маъмурони милиса боздошт ва шиканҷа шудаанд.

Ӯ мегӯяд, ҳанӯз осори шиканҷа дар чеҳраи писаронаш боқӣ мондааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ бо нашри як вокуниш ва беасос донистани иддаои ин зан, дар сомонаи расмиаш навишт, ки Парвиз Набиев, писари Бибиҷон Назарова, рӯзи 30-уми январ ҳангоми фурӯши 1 килограму 200 грам маводи мухаддири навъи афюн боздошт ва нисбаташ бо моддаи 200 қисми 3, банди “г”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Вазорат гуфтааст, ки ин мард дар гузашта се маротиба, аз ҷумлаи як бор барои расонидани зарари вазнин аз беэҳтиётӣ ва дубор барои қочоқи маводи мухаддир боздошту зиндонӣ шуда буд.

"Латту кӯби милисаҳоро шӯхии ҳамсинфон гуфтам, то писарам натарсад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Вазорат дар бораи шиканҷа шудан ё нашудани ду бародари ин мард чизе нагуфтаааст.

Аммо қаблан як корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии Душанбе гуфта буд, ки ду бародари Парвиз Набиевро танҳо ҳамчун гумонбар барои бозпурсӣ оварда буданд, вале баъдан раҳояшон карданд.

Бибиҷон Назарова иддао дорад, ки дар ин муддат маъмурони милиса фарзандонашро "шиканҷаву азият кардаанд, то гуноҳро ба гардан гиранд".

Ӯ аз болои маъмурони милиса ба додситонӣ шикоят кардааст.

"Ба як писарам гуфтаанд, ки куштани Ленинро ба гардан мегирӣ. Писарам хомӯш истодааст. Баъд боз пурсидаанд, ки Ленинро куштӣ? Гуфтааст, ки бале. Боз гуфтаанд, чӣ хел Ленинро куштӣ, ки вай аз бобои ту калон буд?" -- нақл кард ӯ рӯзи 9-уми январ.

Ба гуфти фарзандони Назарова, онҳоро дар шуъбаи корҳои дохилӣ чанд соат "латту кӯб ва маҷбур кардаанд, матнеро, ки барояшон дода мешавад аз ёд ва дар навор такрор кунанд." Тибқи ин матн онҳо бояд иқрор мешудаанд, ки "ҳамроҳ бо худ маводи мухаддир доштанд".

Орзу Набиев, яке аз бародарон, рӯзи 9 уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар чанд соати аввали боздошт аслан намедонист, ки чаро ӯро ба шуъбаи милиса бурданд. Вай гуфт: "Намемонанд, ки гап занӣ. Ба дастонам "скотч" печониданд, ҳанӯз паяш ҳаст. Ба нирӯи барқ гузоштанд. Аз муйи сар кашида, ба болоят мебароянд. Гоҳе як ва гоҳе чанднафарӣ мезаданд. Гуфтанд, дар видео гап зан, ки аз ман 1000 дона "колеса" ёфтанд."

Боздошти се бародар дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ба гуфтаи онҳо фарзанди 6-солаи Орзу Набиев, яке аз ин бародарон ҳамроҳашон будааст. Орзу мегӯяд, писарашро он рӯз бо ваъдаи тамошои "Сирк" аз Норак ба Душанбе оварда буд ва замони боздошт кӯдакаш шоҳиди латту кӯби ӯ ва ҳарфҳои қабеҳи кормандони пулис шудааст.

Ба гуфтаи Бибиҷон Назарова, пас аз раҳо шудан, ҳоли писараш Орзу бад шуд ва ӯро ба беморхона бурданд: "Қабл аз раҳо кардан ба писаронам гуфтаанд, худро мард бигиранд ва ба касе лаб накушоянд. Гуфтаанд мардакро мезананд, ба духтар гул медиҳанд."

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар пайи муроҷиати Бибиҷон Назарова барои ҳимояи фарзандони ӯ дар додгоҳ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ изҳори омодагӣ кардааст. Ин созмон бародарон Набиевҳоро бо вакили дифоъ таъмин мекунад.

Ба иттилои намояндагони эътилоф ҳоло аз рӯйи шикояти ҷабрдидаҳо дар Додситонӣ санҷиш оғоз ёфтааст. Бародарон Набиевҳо мегӯянд, онҳоро ба додситонӣ даъват карда, аз рӯйи ин қазия баёнот гирифтаанд.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масоилест, ки борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, давоми панҷ соли охир ба онҳо 246 муроҷиат аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид гардидааст. Аз ҷумла, ба иттилои ин ниҳод дар соли 2019 дар даҳ ҳолат сокинон аз истифодаи шиканҷа ва муносиибати бераҳмона аз ҷониби кормандони Вазорати умури дохилӣ шикоят кардаанд.

Бино ба иттилои ин созмон ҳамасола дар кишвар даҳҳо нафар аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунанд. Вале танҳо дар ҳолатҳои алоҳида аз рӯи моддаи 143, банди 1 (“Шиканҷа”)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда мешавад. Қисме аз қурбониёни шиканҷа аз тарс умуман ба ҷое шикоят намебурдаанд.

Шарҳҳоро бинед (23)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG