Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Қобус ибни Саид, ки 50 сол раҳбари Уммон буд


Қобус ибни Саид, Султони салтанати Уммон дар сини 79 солагӣ аз дунё даргузашт.

Ӯ 50 сол раҳбари ин кишвари арабӣ буд.

Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз, Султон муддати тӯлонӣ бемор буд, вале ба ҷойи худ касеро меросбар нагузошт.

Дар пойтахти Уммон, ба нақли шоҳидон, мошинҳои зиреҳпуш дида мешавад. Дар ҷалассаи фаврии Шӯрои раҳбарӣ Ҳайтем бин Тариқ ал Саид, вазири пешини фарҳанги Уммон ҷойгузини Султон номида шудааст.

Қобус ибни Саид соли 1970 дар натиҷаи табадуллоти дохилидарборӣ қудратро ба даст гирифта буд.

Ҳайтем бин Тариқ ал Саиди 65 сола, ки ҳоло ҷойгузини Султон эълон шудааст, додарзодаи Қобус ибни Саид аст.

Хонаводаи ал Саид Уммонро аз соли 1746 ба ин сӯ идора мекунанд.

XS
SM
MD
LG