Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши нокоми Амрико барои куштани муовини Қосим Сулаймонӣ


Талоши Амрико барои куштани Абдул Ризо Шаҳлоӣ, муовини раҳбари фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба нокомӣ анҷомидааст.

Дар ин бора нашрияи New York Times, The Washington Post ва телевизиони ABC бо такя ба мансабдорони амрикоӣ, ки аз онҳо ном бурда намешавад, хабар додаанд.

Шаҳлоӣ муовини Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон буд. Сулаймонӣ бо фармони Доналд Трамп кушта шуд.

Ӯ дар сармоягузорӣ ва тарҳрезии амалиётҳо дар хориҷ аз Эрон гумонбар дониста мешуд.

Ба навиштаи матбуот, ҳамла ба Шаҳлоӣ дар Яман шабе сурат гирифт, ки Қосим Сулаймонӣ кушта шуда буд. Ӯ дар он ҷо ба шуришиёни яманӣ, ки зоҳиран бо пуштибонии низомии Эрон муқобили ҳукумати ин кишвар меҷанганд, кӯмак мекард.

Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ зери раҳбарии Шаҳлоӣ хусиёни шуришӣ дар Яман ба бузургтарин корхонаи тавлиди нафт ҳамла карда буданд.

Кохи Сафед ӯро созмондиҳандаи ҳамла ба сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико дар соли 2011 медонанд.

Пентагон талоши куштани Шаҳлоиро рад ва тасдиқ накардааст.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, ки Шаҳлоӣ он ҷо кор мекунад, аз ҷониби Амрико созмони террористӣ эътироф шудааст.

Қосим Сулаймонӣ, генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ 3-уми январ дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд.

XS
SM
MD
LG