Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати пешини узбек бо ҷурми хиёнат ба давлат 5,5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи низомии Узбекистон корманди пешини Вазорати умури хориҷии ин кишвар Қодирҷон Юсупови 68-соларо дар хиёнат ба давлат айбдор ва 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ба огаҳии Додгоҳи низомии Узбекистон, ҳукм 9-уми январ "бо назардошти усули инсондӯстӣ ва адолат" содир шудааст.

Юсупов дар сафорати Узбекистон дар Австрия, Бритониё ва Шарқи Наздик, инчунин намояндаи доимии Узбекистон дар СММ ва САҲА фаъолият кардааст. Вай солҳои 2002-2005 сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвараш низ буд.

Қодирҷон Юсупови 67-сола, ки солҳои тӯлонӣ аз бемории равонӣ ранҷ мебарад, 3 декабри соли 2018 талош кард, худро зери чархи қатора партояд. Вай аз ин талоши худкушӣ ҷон ба саломат бурд, аммо захмӣ ва бистарӣ шуд. Дар бистари беморӣ дар ҳолати бехудӣ вай гуфтааст, ки "ҷосуси ғарбӣ" аст. Мақомоти қудратӣ дар асоси ин "изҳорот" зидди вай парванда боз карданд.

Мақомот Юсуповро 9 декабри соли 2018 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурданд. Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" (HRW) моҳи июни соли 2019 аз Тошканди расмӣ даъват карда буд, ки дипломати пешин Қодирҷон Юсуповро фавран аз зиндон раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG