Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои чӣ мо дар порлумон Жириновский надорем?" Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Озодӣ Онлайн видео

Жириновский дар порлумони Тоҷикистон, муроҷиат дар бораи пул ба мансабдорони кишвар, мардуми асабонӣ аз марги сарбоз ва кору шароити хуби гуруҳе аз муҳоҷирон дар Русия видео ва мавзуъҳои суҳбати барномаи имрӯз аст.

Донишҷӯи тоҷик Суқроти Акбарзод дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки моҳи март баргузор мешавад, чанд суоли муҳимеро аз тариқи Радиои Озодӣ дар миён гузошт ва бахусус дар ин бора, ки чаро дар Тоҷикистон гуногунандешӣ ва дар порлумон вакилоне чун Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия, вуҷуд надорад.

Шумо ҳам агар мисли Суқрот суоле доред, сабт кунед ва бифристед, то садои шуморо ҳам бишнаванд. Видеои дигар хитоби як муҳоҷири тоҷик дар бораи фиристодани пул ба мансабдорони тоҷик аст.

"Чаро мо дар Тоҷикистон Жириновский надорем?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Дар барнома дар бораи марги як ҷавони тоҷик дар артиш ҳам суҳбат мекунем. Марги Равшан Азизов, сокини 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди ду моҳи хидмат дар артиш дар вебсайт ва саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук баҳси дарозеро ба вуҷуд овард. Мақомот гуфтанд, ки ӯ аз беморӣ даргузашт, вале волидонаш бовар надоранд.

Корбаре бо номи "Сарбоз" зери ин гузориш дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "Вазорати мудофиа мегӯяд, хизмат беҳтар шудааст, аммо ягон кас назорат намебарад. Назорати фармондеҳонро сахттар кардан даркор аст."

Корбаре бо номи "Ҳақиқат" навиштааст, "аввал кормандони комиссариати ҳарбӣ барои "облава" ва баъд аъзои комиссияи тиббӣ барои ташхису хулосаи нодуруст ҷавоб гӯянд."

Баҳс дар бораи марги ин ҷавон дар Фейсбук ҳам зиёд аст ва Лола Олимова дар саҳифаи мо пурсидааст, "магар ҳамингуна артиш месозанд? Ба ҷойи тарбияи сарбозон, онҳоро мекӯбанд, мешикананд, мекушанд. Усулҳои зиндонҳоро истифода мекунанд. Қонунҳои худашонро риоя намекунанд. То ба куҷо расиданианд бо ин гуна методҳо?"

Бармегардем ба дидани видеоҳои шумо ва ин дафъа нақли муҳоҷири тоҷикеро мебинем, ки ба гуфтаи худаш дар Русия бе мушкил кору зиндагӣ дорад.

Шумо чӣ гуна зиндагӣ доред ё мушкиле ва ё назаре доред? Мисли ҳамин дӯстоне, ки муроҷиату видеоҳояшонро ба мо фиристоданд, сабт кунеду ба мо тавассути ин шумора +420 607 900 808 бифристед. Вотсап, Телеграм, Вайбер ва ИМО дорем. То дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG