Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагони ИМА қудрати ҷангии Трампро маҳдуд карданист


Маҷлиси намояндагони зери назари демократҳо дар Амрико ният дорад дар овоздиҳии рӯзи 9 январ салоҳиятҳои президент Доналд Трамп барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи Эронро маҳдуд кунад. Вакилони маҷлис гуфтанд, ки аз шарҳи Кохи Сафед дар заминаи куштори ҳадафмандонаи генерали эронӣ қонеъ нестанд. Раиси маҷлис Ненси Пелосӣ гуфт, ки овоздиҳӣ дар заминаи қатъномаи қудрати ҷангӣ рӯзи панҷшанбе барпо мешавад ва “аъзои Конгресс аз қарори маъмурият дар заминаи ширкат дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Эрон ва набуди стратегияи оянда нигаронии ҷиддӣ ва билофосила дорад”. Қатънома марбут ба Трамп буда ӯро намегузорад,ки дар муқобили Эрон силоҳ истифода кунад, то замоне, ки Конгресс ҷанг эълон накунад ваё иҷозаи истифодаи нирӯ алайҳи Теҳронро надиҳад. Матни қатънома, ки ба эҳтимоли зиёд дар Маҷлиси зери назари демократҳо қабул мешавад, аз назари муассирияти он мавриди баҳс қарор гирифт. Демократҳо мегӯянд, ки ин қатънома ба қонуни нирӯи ҷанги соли 1973 мувофиқат мекунад ва дар сурати аз ҷониби Сенат пазируфта шуданаш ҳукми қонунро мегирад. Ҷумҳурихоҳҳо мегӯянд, ки ин пешниҳод, ки зарурати имзои президентро надорад, қувваи қонунӣ надорад. Додгоҳҳои федеролӣ ҳеҷ гоҳ чунин масъаларо баррасӣ накардаанд. Вале аз ҷониби сенати таҳти назари ҷумҳурихоҳҳо қабул шудани ин санад мавриди шубҳа аст.

XS
SM
MD
LG