Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео дар супориши дипломатӣ будани Сулаймониро рад кард


Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, тахминҳоро дар бораи он ки фармондеҳи баланпояи Эрон ҳафтаи гузашта ҳангоми кушта шуданаш дар наздикии Бағдод дар супориши дипломатӣ буд, рад кард.

Помпео рӯзи 7-уми январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, “оё ягон таърихе вуҷуд дорад, ишора ба он кунад, ки ин ҷаноби меҳрубон, ин дипломати олӣ – Қосим Сулаймонӣ – бо ғояи иҷрои супориши сулҳ ба Бағдод рафтааст?”

Ӯ дар посух ба суханони мансабдорони эронӣ дар бораи он ки генерали кушташуда барои гуфтушунидҳои сулҳ дар Ироқ талош мекард, афзуд: “Мо медонем, ки ин рост набуд.”

Помпео нуқтаи назари президенти Амрико Доналд Трампро дар бораи он ки Сулаймонӣ нирӯи нухбагони Қудси Иронро сарварӣ мекард ва дар ҷараёни ташкили ҳамла ба амрикоиҳо ва дигарон дар минтақа буд, тасдиқ кард.

Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин гуфт, Эрон барои барҳам задани раванди сулҳ дар Афғонистон "фаъолона" кор мекунад ва Теҳрон бо Толибон ва дигар гуруҳҳои ниманизомӣ дар онҷо робита дорад. Майк Помпео гуфт: "Эрон аз ҳамроҳ шудан ба ризоияти минтақавӣ ва байналмилалӣ барои сулҳ даст кашид ва дарвоқеъ барои дастгирии гурӯҳҳои тундрав дар онҷо талошҳои ҷаҳонии худро идома медиҳад, то раванди сулҳро халалдор кунад."

XS
SM
MD
LG