Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо донишҷӯи қирғизтабори Чин баъди таътил дубора ба Қирғизистон барнагаштанд


Бештар аз 40 донишҷӯи қирғизтабори Чин, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекарданд, баъди таътилҳои тобистонӣ дубора ба таҳсил барнагаштанд. Мақомоти Қирғизистон дар бораи сарнавишти онҳо иттилоъ надоранд.

Баҳори соли 2019 Кумитаи ҳифзи қирғизтаборони Чин рӯйхати 45 донишҷӯи қирғизтаборро тартиб дод, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекарданд ва баъди баргаштан ба Чин дар таътилҳои тобистонии соли 2018 дубора ба Қирғизистон наомаданд.

Дар донишгоҳҳои Қирғизистон иддаи дигаре аз қирғизтаборони Чин айни ҳол таҳсил мекунанд. Онҳо аз суҳбат бо рӯзноманигорон ва афроди ношинос парҳез мекунанд. Як тан аз қирғизтабори Чин ки нахост, номаш бурда шавад, гуфт, чаро донишҷӯён дубора аз Чин барнамегарданд.

"Агар мо худро ошкор кунем, ин барои волидони мо гарон тамом мешавад. Бисёриҳое ки инҷо ҳастанд, шаҳрвандӣ доранд. Донишҷӯёни чинӣ дар консерватория, Донишгоҳи миллии Қирғизистон, донишгоҳи туркиву қирғизии "Манас" ва дар дигар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд. Бисёриҳое, ки дар таътилҳо ба Чин рафтанд, дигарбора барнагаштанд", - гуфт донишҷӯи қирғизтабори Чин.

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон хабар дод, ки ҳамасола ба қирғизтаборони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркия ва Чин 75 курсии буҷавӣ барои таҳсил пешниҳод мекунад.

XS
SM
MD
LG