Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон модари се фарзанд баъди латукӯби шавҳараш фавтид


Сокини 31-солаи шаҳри Бодканди Қирғизистон бо гумони қатли ҳамсараш боздошт шуд. Ин мард гуфт, ки ҳамсарашро баъди ҷанҷоли лафзӣ латукӯб кардааст.

Ин ҳодиса рӯзи 3 январ рух дод. Азизбек Жунусов, сардухтури беморхона гуфт, зан дар роҳ ба сӯи бемористон фавтид.

Табибон дар ҷисми зан осори латукӯб ва сухтагиро мушоҳида кардаанд.

"Занро соати 2:00 субҳи 4 январ ба бемористон оварданд. Қалби вай наметапид. Дар ҷисмаш осори латукӯб дида мешуд. Ҷасад ба ташхиси судӣ-тиббӣ фиристода шуд", - гуфт сардухтур.

Бо гумони содир кардани ҷиноят ҳамсари зан боздошт шудааст.

Хешовандони зан гуфтанд, ки солҳои охир вай пайваста аз шиканҷа шуданаш шикоят мекард. Ин ҳодисаро мақомоти қудратӣ таҳқиқ доранд.

XS
SM
MD
LG