Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ Теҳрону Вашингтонро ба хештандорӣ даъват кард


Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ба даъвати раҳбарони як қатор кишварҳои дунё пайваст ва аз Теҳрону Вашингтон хост, дар робита ба ташаннуҷе, ки пас аз қатли генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ ба миён омадааст, хештандориро аз даст надиҳанд.

"Соли навро бо изтироб оғоз кардем. Мо ҳоло дар як замони хатарнок ба сар мебарем. Дар ин садсолаи ахир ташаннуҷи геопалитикӣ ба сатҳи баландтарини худ расидааст ва ин ҷараён идома дорад",-изҳор дошт Гутерриш 6 январ дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк.

Рӯзи 6 январ дар Теҳрон садҳо ҳазор одам ба кӯчаҳо баромада буданд, то бо генерали кушташуда аз сӯи нерӯҳои Амрико видоъ кунанд.

Эрон ваъда дод, ки барои куштори генерали худ қасос хоҳад гирифт ва созишномаи ҳастаиро, ки соли 2015 ҳосил шуда буд, тарк кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар навбати худ таҳдид кард, ки агар Теҳрон зидди манфиатҳои Вашингтон ҳамлаҳое анҷом диҳад, иншоотҳои фарҳангии Эронро маҳв хоҳад кард.

Қосим Сулаймонӣ, генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 3 январ дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд. Дастури қатли ӯро раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп додааст. Қосим Сулаймонӣ, яке аз меъморони асосии сиёсати Эрон барои тақвияти нуфузи кишвар дар саросари минтақа буд ва Теҳрон гуфт, ки барои марги ӯ интиқом мегирад.

Куштори генерали эронӣ вазъ дар минтақаи Ховари Миёнаро печидатар кард. Порлумони Ироқ хост, тамоми нерӯҳои хориҷӣ ин кишварро тарк кунанд. Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ кушторро "ҳамлаи террористӣ" номида, ваъда дод, ки он "барои Амрико гарон хоҳад афтод".

XS
SM
MD
LG