Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоири 80-солаи узбекро дар фурудгоҳи Ҷидда фиреб доданд


Вазорати умури хориҷии Узбекистон мегӯяд, як шаҳрванди 80-солаи ин кишварро ҳангоми адои ҳаҷҷи умра дар фурудгоҳи Ҷиддаи Аарабистони Саудӣ фиреб додаанд.

"Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Ҷидда ба маҳзи нашри хабарҳо дар бораи мушкили шаҳрванди кишвар А.Х. дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ӯ тамос гирифта, кӯмаки ҳуқуқии заруриро расонд",-афзудааст вазорат.

Ба гуфтаи ин мард, афроде барояш ваъда кардаанд, ки бар ивази маблағи муайян ҳаҷҷи умраро барояш ташкил мекунанд ва дар ҷараёни сафар низ шахсе ӯро ҳамроҳӣ хоҳад кард. Вале вақте ин мард 1 январ тавассути шаҳрҳои Бишкеку Истамбул ба фурудгоҳи Ҷидда мерасад, касе вайро пешвоз нагирифтааст.

Ба огаҳии Консулгарии Узбекистон, бо дастгирии Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ ба зоири 80-сола дар меҳмонхонае ҷой дода шудааст ва ҳоло ӯ ҳаҷҷи умраро адо мекунад.

XS
SM
MD
LG