Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафту тило дар пайи куштори генерали эронӣ боло рафт


Нархи нафт ва тило дар пасманзари нооромиҳои Ховари Миёна, аз ҷумла куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ боло рафтааст. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg иттилоъ медиҳад. Нархи ҳар як унси тило то ба 1,576.85 доллар расидааст, ки баландтарин дар шаш соли ахир мебошад. Ҳамчунин арзиши як бушка нафти "Brent" 70 доллар шудааст.

Қосим Сулаймонӣ, генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 3 январ дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуд. Дастури қатли ӯро раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп додааст. Қосим Сулаймонӣ, яке аз меъморони асосии сиёсати Эрон барои тақвияти нуфузи кишвар дар саросари минтақа буд ва Теҳрон гуфт, ки барои марги ӯ интиқом мегирад.

Куштори генерали эронӣ вазъ дар минтақаи Ховари Миёнаро печидатар кард. Порлумони Ироқ хост, тамоми нерӯҳои хориҷӣ ин кишварро тарк кунанд. Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ кушторро "ҳамлаи террористӣ" номида, ваъда дод, ки он "барои Амрико гарон хоҳад афтод"

XS
SM
MD
LG