Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати мухолифони тоҷик ба дипломати баландпояи Амрико


Аъзои Паймони Миллӣ дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон
Аъзои Паймони Миллӣ дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон

Як эътилофи мухолифони давлати Тоҷикистон аз дипломати баландпояи амрикоӣ хостааст, ҳангоми мулоқоташ бо мақомоти кишвар масоили мурооти ҳуқуқи инсон ва раҳоии дигарандешонро дар миён гузорад. Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи иборат аз чанд созмони мухолифи хориҷ аз кишвар рӯзи 6-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, аз Элис Уелс – дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ мехоҳад, то масъалаи озодии фаврии чаҳор сиёсатмадор ва дигарандешро ба мақомоти Тоҷикистон гӯшзад кунад.

Дар ин баёния, ки дар паймон рӯзи 6-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, омадааст: “Мо аз шумо даъват мекунем, ба ҳукуматдорони Тоҷикистон, муроҷиати Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милалиро дар бораи раҳоии фаврии Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадрӯзӣ Искандаровро... ёдрас кунед.”

Паймони Миллии Тоҷикистон аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Аммо Додгоҳи олӣ ин паймонро тобистони соли 2019 созмони террористӣ эълон кардааст.

Ба гуфтаи муаллифони баёния, ин чаҳор нафар ғайриқонунӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Маҳмадалӣ Ҳаит, узви раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва соҳибкор, Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохта ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон бо гуноҳҳои терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои дигар то ба 20 солии зиндон маҳкум шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва худашон мегӯянд, ки парвандаҳои ҳар чаҳор нафар дорои ангезаҳои сиёсист ва мақомоти онҳоро фақат барои дигарандешиашон паси панҷара андохтаанд. Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал низ гуфтааст, ки боздошту муҳокимаи ин афрод бо қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифтааст ва ҳукумати Тоҷикистон бояд онҳоро раҳо кунад ва ҷуброн бипардозад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла додситони кулл гуфтааст, ки парвандаҳо ҳеч ангезаи сиёсӣ надоранд ва ин афродро барои ҷиноятҳояшон ба зиндон маҳкум кардаанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин баёния сиёсатҳои давлатро башиддат танқид карда ва гуфтааст, “ҳукуматдории хонаводагӣ, мудирияти нодуруст, фасоди густурда, саркӯби мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён ва ҳуқуқи динӣ, таъқиби диндорон ва хешовандони онҳо” боиси ақибмондагии Тоҷикистон шудааст.

Элис Уелс рӯзҳои 6 ва 7-уми январ дар Тоҷикистон аст ва ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико бо мақомоти кишвар “тақвияти ҳамкориҳо барои тақвияти амният дар минтақа, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ” ва дигар масоилро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG