Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия масъалаи Либияро ба Шӯрои амнияти СММ кашид


Русия аз Шӯрои амнияти СММ тақозо кард, ки дар ҷаласаи рӯзи 6 январ мавзӯи Либияро ба баррасӣ бигиранд. Ин дар ҳолест, ки Туркия интиқоли нирӯҳояш ба ин кишвари ҷангзадаро шурӯъ карда мегӯяд, ки ба ҳукумати аз ҷониби СММ эътирофшудаи Триполӣ кӯмак хоҳад кард. Расман ҳадафи дархости Русия баргузории конфронс оид ба вазъи Либия мебошад, ки Олмон ният дорад онро то охири моҳи ҷорӣ барпо кунад. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 5 дар сӯҳбат ба CNN Turk январ гуфт, ба хотири “ҳамоҳангӣ” ва кӯмак дар “пешбурди” амалиёти марказӣ ба Либия бархе воҳидҳои низомиашро сафарбар кардааст.

Либия – як кишвари воқеъ дар Африқои Шимолӣ аз моҳи апрел ба ин сӯ дар умқи ихтилофҳои низомӣ қарор дорад. Артиши худхондаи милии Либия ба раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар бар зидди ҳукумати созиши миллии Триполӣ юриш кардааст. Туркия як узви НАТО буда, дар ин ихтилофҳо аз Триполӣ ҳимоят мекунад. Дар ҳамин ҳол, бар асоси гузоришҳо, дар минтақа инчунин низомиҳои қарордодӣ аз Русия ҳам ҳузур доранд, ки аз Ҳафтар ҳимоят мекунанд, вале Маскав ин ҳамаро расман рад кардааст.

Инчунин ҷангҷӯёнро Миср ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам ҳимоят мекунанд. Тасмими Эрдуғон барои ирсоли нирӯҳо замоне гирифта шуд, ки ҳукумати созиши миллӣ дар Триполӣ ба Туркия расман дархости ёрӣ фиристод. Бар асоси ин созишҳо, Туркия ҳақ дорад, ки қаламравҳои азим дар баҳри Миёназаминро, ки тоза захираҳои газ ошкор шудаанд, зери назар бигирад, вале ин созиш ҳамсояҳо, ба вижа Юнон ва Қибрисро нороҳат кард.

XS
SM
MD
LG