Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони ғизоӣ монеи таҳсили хонандагони туркман шудааст


Бештари хонандагони синфҳои болоии мактабҳои вилояти Марии Туркманистон ба хотири дастгирии молии хонаводаҳои худ аз рафтан ба дарсҳо худдорӣ мекунанд. Онҳо дар як ҳафта як бор ба мактаб рафта, боқии рӯзҳо кор мекунанд.

"Барои намуна, дар нуқтаҳои шустушӯи мошинҳои шаҳр хонандагон кор мекунанд. Онҳо бар ивази 20 манат ($1 - 3,5 манат) даруну беруни мошинҳоро мешӯянд. Ними ин пулро ба соҳибони нуқтаҳо медиҳанд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Дар ҳоли ҳозир хонандагон ба таътили зимистона баромадаанд. Ба гуфтаи хабарнигор, волидон ҳатто мухолифи кор кардани фарзандҳояшон дар соатҳои дарсӣ низ нестанд. Хабарнигор мегӯяд, наврасон ба омӯзиш чандон майл надоранд. Ҳатто намеандешанд, ки дар шаҳодатномаи хатми таҳсилашон баҳои нохуб мегиранд.

"Барои дохил шудан ба донишгоҳ пул надорем. Бинобар ин, барои ман шаҳодатномаи хатми таҳсил як порча коғаз аст. Ҳоло ман бар ин меандешам, ки агар кор накунам, хонаводаи ман гурусна хоҳад монд", - изҳор дошт яке аз хонандагони Марӣ.

Сокинони Туркманистон соли севум аст, ки бо буҳрони ғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд. Мақомот ин мушкилро расман эътироф намекунанд ва расонаҳои расмӣ низ дар ин бора наменависанд.

XS
SM
MD
LG