Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Бритониё: Киштиҳоро нирӯҳои баҳрӣ ҳамроҳӣ мекунанд


Вазири дифои Бритониё
Вазири дифои Бритониё

Вазири дифои Бритониё мегӯяд, нирӯҳои баҳрӣ киштиҳои нафткаши зери парчами ин кишварро дар Тангии Ҳурмуз ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Бен Уоллес рӯзи 4-уми январ гуфт, дар ин бора ба нирӯҳои баҳрӣ дастур додааст.

Уоллес афзуд, ҳукумати Бритониё барои муҳофизат аз киштиҳо ва ҳамватанони худ ҳама қадамҳои заруриро мебардорад. Ин изҳоорот аз сӯи вазири дифои Бритониё дар ҳоле иброз мешавад, ки нахуствазир Борис Ҷонсон мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ӯро танқид мекунанд, ки дар мавриди кушта шудани фармондеҳи нирӯҳои қудси Сипоҳи посдоорни Эрон ҳеч шарҳе надодааст. Бино ба гузоришҳо ӯ дар таътил аст.

Нирӯҳои Бритониё соли гузашта киштиҳои нафткаши ин кишварро дар Тангии Ҳурмуз баъд аз он ҳамроҳӣ карданд, ки нирӯҳои эронӣ як киштии онҳоро тасарруф намуданд.

XS
SM
MD
LG