Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми баландпояи амрикоӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад


Ҳафтаи оянда як мансабдори баландпояи ИМА бо ҳадафи таҳкими равобити Амрико бо Тоҷикистон, ба Душанбе сафар хоҳад кард. Бар пояи гузориши Департаменти давлатии Амрико, хонум Алес Вейлс, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ рӯзҳои 6-7 январ ба Душанбе сафар карда, бо мақомоти тоҷик мулоқоту гуфтугӯ мекунад.

Дар музокироти ду ҷониб таҳкими ҳамкориҳои амниятии минтақавӣ, тавсеаи равобити иқтисодиву энержӣ ва рушди равобити мардуми минтақаро баррасӣ хоҳад шуд. Сафари тарҳрезишуда тахминан як моҳ пас аз он ба вуқӯъ мепайвандад ки ИМА гуфт, дар соли 2019 равобити Вашингтон бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ рушд намудааст.

Тавсеаи таваҷҷӯҳи ИМА ба Осиёи Марказӣ дар ҳоле ҷараён дорад, ки Чин бо истифода аз нуфузи иқтисодиву сиёсӣ талош мекунад паноҳҷӯён аз вилояти Шинҷонро, ки дар Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд, ба Пекин бозгардонад. Ин мояи асосии нигаронии маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп мебошад.

XS
SM
MD
LG