Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов дар финал ноком шуд ва 1 миллион долларро аз даст дод


Лоиқ Раҷабов, размкори 29-солаи тоҷик дар муҳорибаи омехта дар шаҳри Ню-Йорк аз ҳарифи бразилиягии худ шикаст хӯрд ва як миллион доллар ҷоизаро аз даст дод. Бисёре аз ҳаводорони ӯ пас аз анҷоми ин сабқат дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки бо вуҷуди нокомӣ, Лоиқ Раҷабов барои онҳо қаҳрамон аст.

Сабқати Раҷабов бо Натан Шулте, варзишгари бразилӣ дар даври ниҳоии Professional fight league-PFL соати 6-и субҳ ба вақти Душанбе шурӯъ шуд. Ҳазорҳо нафар дар Тоҷикистон ин бозиро интизорӣ доштанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Лоиқ Раҷабов ҳаводорӣ карданд.

Рақобат барои Шоҳҷоиза ва як миллион доллар сурат гирифт.

Лоиқ Раҷабов бо Натан Шулте дар 5 даври панҷдақиқаӣ бо ҳам рақобат карданд. Лоиқ дар даврҳои аввал ва дуввум фаъол буд ва варзишгари бразилӣ бештар худро аз зарбаҳои ҳарифаш ҳимоя мекард.

Аммо дар даврҳои минбаъда варзишгари бразилӣ фаъолтар шуд ва чанд бор талош кард бо роҳи "нокаут" ва ё хафа кардан, Лоиқ Раҷабовро шикаст диҳад. Раҷабов чанд маротиба ин хатарро паси сар кард ва то даври ниҳоӣ сабқатро идома дод.

Лоиқ Раҷабов: "Бовар дорам, ки соҳиби камарбанд ва 1 миллион доллар мешавам"

Аммо бар асоси хулосаи доварон, Лоиқ Раҷабов аз Натан Шулте бо натиҷаи 44 бар 48 шикаст хӯрд. Натан Шулте, размкори бразилӣ соҳиби камарбанд ва як миллион доллар ҷоиза гардид. Ин намояндаи Бразилия аз варзишгарони қавӣ дар ин навъи варзиш дониста мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон ва мухлисон, Лоиқ Раҷабов дар даврҳои аввал ва дуввум қувваи худро зиёд сарф кард ва инчунин бештар ба ҳамла талош намуд ва худро камтар аз зарбаҳои рақибаш ҳифз мекард.

Лоиқ Раҷабов пеш аз сабқат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ба ин мусобиқа омодагии ҷиддӣ дидааст ва бовар дорад, ки заҳматаш беподош намемонад.

Ин варзишгар, ки бо тахаллуси "Jaguar Paw” дар рақобатҳо ширкат мекунад, то ҳол, дар 15 рақобати дигар ширкат доштааст ва дар 13 ҳолат пирӯзӣ ба даст овардааст. Аммо бо шикаст хӯрдан дар мусобиқаи ахир, рекорди Лоиқ 13 ғалаба, 2 шикаст ва мусовӣ гардид.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG