Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури хориҷии ИМА ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад


Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Иёлоти муттаҳидаи Амрико аввалин сафари хориҷии худ дар соли 2020-ро аз Қазоқистон оғоз хоҳад кард.

Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ки сафари Помпео 5-уми январ дар назар аст.

Интизор меравад, ки ин мақоми баландпояи Амрико бо Қосимҷомарт Тоқаев, президент, Мухтор Тлеубердӣ, Вазири умури хориҷӣ ва Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи ин кишвари Осиёи Марказӣ мулоқот хоҳад кард.

Нурсултон Назарбоев моҳи марти соли ҷорӣ аз мақоми президенти истеъфо дод, вале ҳамчунон раҳбари ҳизби ҳокими “Нур Отан” ва раиси Шурои амният аст, ки амалан идораи кишвар дар дасташ қарор дорад.

Рӯзи 6-уми январ Помпео дар нишасти “С5+1” дар Тошканд бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот хоҳад кард.

Нишасти гуруҳи "С5 + 1", ки ба ҳайати он Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Иёлоти Муттаҳида шомиланд, бори нахуст моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG