Идораи мусалмонони Қирғизистон дар бораи таҷлил аз соли нави милодӣ қарор содир кард. Бар асоси он аз рӯҳониён хоста шудааст, ки ба зидди ҷашнҳои расмӣ таблиғот набаранд. Дар Қирғизистон ба монанди кишварҳои дигари дунё шаби 31-уми декабр фаро расидани Соли нави милодиро таҷлил мекунанд. Аммо солҳои ахир баъзе аз рӯҳониён дар ин кишвар мегӯянд, ки ин иди мусалмонҳо нест ва набояд таҷлил карда шавад. Ҳар сол дар остонаи таҷлил аз соли нав ба ин баҳс доман зада мешавад.