Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео Хоманаиро гунаҳкори марги тазоҳургарон номид


Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, ҳукумати Эронро танқид кард, ки бо истифода зӯроварӣ ва қатъи дастрасӣ ба Интернет монеи гиромидошти хотираи онҳое мешавад, ки дар тазоҳуроти моҳи ноябр кушта шуданд. Дар он моҳ ҳазорон нафар дар Эрон ба зидди болоравии қимати бензин ва ҳукумати исломӣ эътироз карданд.

Майк Помпео рӯзи 27-уми декабр дар Твиттер навишт, “ Мардуми Эрон ҳақ доранд, дар сӯги 1500 нафар биншинанд, ки ба дасти Хоманаӣ дар ҷараёни тазоҳуротҳо қатл шуданд.” Ӯ дар ин паёмаш мустақим раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаиро дар марги тазоҳургарон гунаҳкор донистааст. Ба иттилои хабаргузории нимарасмии Эрон ИЛНА, дар остонаи рӯзи гиромидошти хотираи қурбониён, ки қарор буд, 26-уми декабр сурат бигирад, мақомот дастрасӣ ба Интернетро дар чанд вилоят қатъ кардаанд.

Бино ба гузоришҳо, чанд нафарро, ки барои гиромидошти хотираи қурбониён ба як оромгоҳи шаҳри Караҷ омада буданд, дастгир кардаанд. Майк Помпео навиштааст: “Режим аз мардуми худаш метарсад ва дигарбора ба зӯроварӣ ва қатъи интернет такя кард.” Амрико аввали ҳамин моҳ гуфт, ки мақомоти Эрон зимни саркӯби тазоҳурот дар миёнаҳои моҳи ноябр 1000 нафарро куштаанд. Созмони Авфи Байналмилал гуфтааст, ки 304 нафар кушта ва ҳазорон тан маҷруҳ шудаанд. Теҳрон ин гузоришҳоро рад кардааст, вале айни замон оморе дар бораи қурбониён надодааст.

XS
SM
MD
LG