Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории хунин ва ҳалокати 76 нафар дар Сомалӣ


Инҷо саҳнаи таркиш дар рӯзи 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Муқадишу аст.
Инҷо саҳнаи таркиш дар рӯзи 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Муқадишу аст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришуда дар як посгоҳи амниятӣ дар шаҳри Муқадишу, пойтахти Сомалӣ камаш 90 нафар кушта шудаанд. Иброҳим Муҳаммад афсари пулис рӯзи 28-уми декабр гуфт, “Таркиш харобиовар буд.. теъдоди зиёде маҷруҳ шуданд, вале талафот метавонад, зиёдтар бошад.”

Умар Маҳмуд, раиси шаҳри Муқадишу дар маҳалли ҳодиса ба хабарнигорон гуфт, ҳукумат иттило гирифт, ки дасти кам 90 ғайринизомӣ ва аксаран донишҷӯён дар натиҷаи таркиш захм бардоштаанд. Ҳеҷ касе ё гуруҳе масъулияти бомбгузориро бар душ нагирифтааст, аммо дар гузашта созмони Ал-Шабоби вобаста ба Ал-қоида чунин ҳамлаҳоро анҷом додааст.

Ал-Шабобро чанд сол пеш аз Муқадишу берун карданд, вале он ба ҳадаф гирифтани иншооту маконҳои пуродам ба мисли меҳмонхонаҳо идома додааст. Сомалӣ соли 1991 гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва то ҳол суботи комил надоштааст.

XS
SM
MD
LG