Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути ҳавопаймои Қазоқистон 12 нафар кушта шуд


Дар паи суқути як ҳавопаймо бо 93 мусофир ва 5 халабон дар фурудгоҳи Алмаато 12 нафар ба ҳалокат расид. Ҳавопаймои ширкати Bek Air рӯзи 27 декабр лаҳзае чанд баъди баланд шудан аз фурудгоҳ ба замин афтод. Мақомот гуфтанд, ки 66 нафарро баъди ин ҳодиса ба беморхонаҳо интиқол доданд ва 44 нафари онҳо ҳанӯз дар бемохона мемонанд. Аз миёни онҳо ҳолати 18 нафар сангин арзёбӣ мешавад. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 28 декабрро мотами миллӣ эълон кард.

Мақомоти ҳавонавардии Қазоқистон гуфтанд, ки вақти баланд шудан аз замин ҳавопаймо назорат аз баландиро аз даст дода аввал ба девори бетонӣ зад ва баъди ин ба як манзили дуошёна бархӯрд. Гуфта мешавад, ки ба ҳангоми бархӯрди ҳавопаймо дохили бинои дуошёна беодам буд. Роман Скляр, муовини нахуствазири Қазоқистон каме баъдтар гуфт, ки ба назар мерасад, қисмати пушти ҳавопаймо пеш аз баланд шудан ду дафъа ба замин зад ва баъди ин ба девори бетонӣ бархӯрд. Таҳқиқи ин қазия шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG