Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни Узбекистон ва Тоҷикистон гузаргоҳи нав боз мешавад


Ҳаждаҳумин гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ифтитоҳ хоҳад шуд. Дар ин бора Илҳом Неъматов, муовини аввали вазири умури хориҷии Узбекистон дар сӯҳбат бо хабаргузории русии РИА Новости хабар додааст.

То ду соли пеш миёни ду кишвар танҳо ду гузаргоҳи марзӣ фаъолият мекард ва сокинон тариқи раводид ба кишварҳои якдигар сафар мекарданд. Ҳоло низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аз байн бурда шудааст ва шаҳрвандон метавонанд дар кишварҳои якдигар то 30 рӯз бидуни виза иқомат кунанд.

Оқои Неъматов дар посух ба суоли РИА Новости роҷеъ ба муносибати Узбекистон бо кишварҳои минтақа гуфтааст, ки Тошканд дар ҳоли ҳозир бо ҳеҷ яке аз ҳамсояҳо мушкиле надорад. Ӯ аз ҷумла ба робитаи кишвараш бо Тоҷикистон ишора намуда ва гуфтааст, ки вазъ назар ба се соли қабл комилан фарқ мекунад ва дар ду соли гузашта 17 гузоргоҳи марзӣ миёни ду кишвар боз шуда ва ҳоло омодагиҳо барои ифтитоҳи гузаргоҳи ҳаждаҳум идома дорад. Ин диломат гуфтааст, гузаргоҳи марзии нав дар минтақаи Баландчакир дар вилояти Ҷиззах бо вилояти Суғди Тоҷикистон мустақар хоҳад шуд.

Илҳом Неъматов ҳамчунин гуфтааст, ки Узбекистон мехоҳад шомили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шавад ва ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргардад. Ин дипломати узбек гуфтааст, ки қарор аст президент Мирзиёев дар авалҳои моҳи феврали соли оянда ба Маскав сафар кунад ва бо Владимир Путин музокирот анҷом диҳад. Илҳом Неъматов аз рушди ҳамкориҳои Узбекистону Русия сухан гуфта ва таъкид кардааст, ки бунёди Неругоҳи атомӣ дар Узбекистон яке аз тарҳҳои бузурги муштарак миёни ду кишвар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG