Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, шукри доллар кунед ва сари худро дар бало намонед". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Боздоштҳои саросарӣ ва худсаронаи муҳоҷирон дар остонаи Соли нав дар Русия ва тарси тоҷирону сармоягузорон аз як "бало" дар Тоҷикистон ду мавзӯе ҳастанд, ки имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" дар бораи онҳо гап мезанем.

Дар остонаи соли нави милодӣ аз муҳоҷирон дар Русия видеоҳои зиёде гирифтем, ки дар онҳо аз боздоштҳои бесабаб аз сӯи маъмурони пулис шикоят мекунанд. Ва яке аз ин наворҳо аз шаҳри Маскав аст, ки аз дохили мошини пулис гирифта шудааст.

Видеои дигар аз идораи пулиси Аликовский дар Ҷумҳурии Чувашистони Русия мебошад. Муаллифи видео ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки маъмурони пулис баъзе аз онҳоро бесабаб дастгир карда, бо вуҷуди супурдани ҷарима, ду рӯз боз раҳо намекунанд. Ин муҳоҷир хост, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба онҳо кумак кунад.

Воқеан ду видеои ҷолиби дигар дорем аз як гӯшаи сарди Русия, ки аз дидани он видеоҳо хунук мехӯред. Яке дар бораи интиқоли пул аст, дигарӣ таҷрибаи аҷиби як муҳоҷир дар сардӣ.

Барномаро дар инҷо бинед:

"Гуфтанд, шукри доллар кунед ва саратонро дар бало намонед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00

Ҳоло дар бораи як "бало" дар Тоҷикистон гап мезанем. Як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи эътирози ғайриодии Фарҳод Юлдошев, соҳибкори тоҷик, ки гуфт, ба сабаби тамаъҷӯӣ ва "ҳақ"-талабии сардори Идораи андози шаҳри Бӯстон корхонаашро мебандад, сабаби баҳси дарозе дар вебсайти Радиои Озодӣ шуд. Раиси идораи андози шаҳри Бӯстон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро рад кард.

Корбаре бо номи "Асад" зери ин гузориш навиштааст, "ду сол пеш бо як сармоягузори хориҷӣ, ки 10-15 миллион доллар дошт, ба Душанбе рафтем ва бо ду-се соҳибкор суҳбат кардем. Маслиҳат доданд, ки саратонро дар бало намонед ва шукри долларатонро кунед. Чунки сохтмони корхонаро шурӯъ накарда, барои "ҳақ" меоянд".

Корбари дигаре бо номи "Пуштибони соҳибкор", гуфтааст, соҳибкорони тоҷик дар бораи супурдани молиёт дониши кофӣ надоранд ва барои ҳамин азоб мекашанд. Ӯ навиштааст, "агар соҳибкор фаъолияти худро дар доираи қонун ба роҳ монад, корманди андоз аз ӯ пора талаб карда наметавонад. Ба ман соҳибкорон муроҷиат мекунанд, то ба онҳо дар муҳосибаи андозҳо мусоидат кунам. Ягон нафари онҳо нагуфтааст, ки дуруст андозро нишон диҳед, ҳамааш мегӯянд, роҳи пинҳон кардани андозҳоро ба мо нишон диҳед".

Корбари дигари вебсайти Радиои Озодӣ, ки худро "Одам" муаррифӣ кардааст, менависад, "аз рафтан ба тарафи идораи андоз дили одам сиёҳ мешавад. Ба додситонӣ ариза барӣ, аз ин бадтар қарздор мекунанд. Вой бар ҳоли мардуми бечора".

"Соҳибкор" дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, 10 сол аст, тиҷорат мекунад, пулаш барои хариди мошинҳои гаронқимат намерасад. Ӯ мепурсад, "ин раисон бо музди корашон чӣ гуна чунин мошинҳоро мехаранд. Албатта ин аз ҳисоби мардум аст. Ин тоҷир аз пеши худ чунин кор накардааст, зӯраш омадааст, ки ин корро пеш гирифтааст".

Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки соҳибкоронро барои пинҳон кардани даромади воқеӣ ва сарпечӣ аз пардохти анддоз муттаҳам кардаанд.

Ҳоло видеоҳои ваъдагӣ аз Ёқутистон. Ин якеро корбаре фиристод, ки ҳоло ҳам ба қавли худаш наметавонад, ба кӯдаконаш дар остонаи Соли нав пул фиристад. Ӯ гуфт, ки видеоро махсус ба Озодӣ Онлайн фиристодаааст, ки барои ин кораш воқеан сипосгузорем.

Як муҳоҷири дигар, ки ӯ ҳам дар Ёқутистон кор мекунад, видеои ҷолиберо сабт карда фиристод ва гуфт, онҳо на аз дасти пулиси Русия, балки аз сардӣ дар ин кишвар безор шудаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видео доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG