Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Монтенегро қонуни баҳсбарангези ҷомеаҳои диниро қабул кард


Дар остонаи овоздиҳӣ дар порлумон полис атрофи шаҳри Подгоритсаро бо далелҳои амниятӣ иҳота кард
Дар остонаи овоздиҳӣ дар порлумон полис атрофи шаҳри Подгоритсаро бо далелҳои амниятӣ иҳота кард

Порлумони Монтенегро (Черногория) дар як ҷаласае, ки бо ихтилофу хушунат ҳамроҳ буд, тарҳи қонуни ҷомеаҳои диниро қабул кард. Ҳамакнун мухолифони ҷонибдори сербҳо ҳарос доранд, ки бар асоси ин қонун Калисои ортодокси сербӣ аз моликияти худ маҳрум мешавад.

Дар овоздиҳии субҳи 27-уми декабр 45 вакил ба ҷонибдории ин қонун овоз дода, ҳеҷ як нафар мухолиф набаромад. Пеш аз ин аъзои ҷабҳаи демократии мухолифин дар баробари аъзои ҳизби ҳоким дар порлумон ҳозир шуда талош карданд пеши роҳи овоздиҳиро бигиранд.

Тахминан 36 узви порлумон овоздиҳиро бойкот карданд. Баррасии ин тарҳи қонуни баҳсбарангез тахминан 8 соат бо даъвоҳои шадид гузашт. Баъзе эътирозгарони мухолиф бо кумаки нирӯҳои интизомӣ аз дохили порлумон берун карда шуданд, вале маълум нест, ки касе боздошт шуд ё на.

XS
SM
MD
LG