Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллӣ ба муштариёни "Золотая корона" 3 рӯз фурсат дод. ВИДЕО, САДО


Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, пулҳое, ки муҳоҷирони тоҷик аз рӯзи 1-уми ноябр то 3-юми декабр ба воситаи низоми “Золотая корона” фиристодаанд ва он дар бонкҳо дармонда буд, пардохт карда хоҳад шуд. Вале мақомот барои анҷоми ин кор фақат се рӯз – аз 28 то 30-юми декабр – фурсат дода ва таъкид кардаанд, ки мардум ин пулҳоро аз намояндагиҳои бонки давлатии “Амонатбонк” бигиранд.

Аз рӯзи 3-юми декабри имсол, замони фаъол шудани Маркази пулгузаронии Тоҷикистон, интиқоли маблағ ба воситаи “Золотая корона” ба кишвар номумкин шуд. “Золотая корона” шартҳои Бонки миллиро напазируфт ва ба маркази протсессингӣ ҳамроҳ нашуд. То кунун низомҳои “Контакт” ва “Юнистрим” ба он пайвастаанд. Мақомот мегӯянд, “Вестерн Юнион” низ ҳамроҳ шудааст, вале сокинон мегӯянд, дар асл пул фиристодан ба воситаи ин низом номумкин аст.

3 рӯз муҳлат ба муштариёни "Золотая корона" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00
Линки мустақим

Қаблан сокинон шикоят карда буданд, ки аз Русия ба Тоҷикистон ба воситаи низоми “Золотая корона” пул фиристодаанд ва онро на наздиконашон дар Тоҷикистон гирифта метавонанд ва на худи онҳо дар Русия бозхонд карда метавонанд.

Масъулони Бонки Миллӣ рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳадаф аз тасмими охир, “ҳимоят аз манфиати муштариёни бонкҳо аст.” Қаблан Бонки Миллӣ аз муҳоҷирон хоста буд, агар ба воситаи низоми "Золотая корона" ба Тоҷикистон пул фиристодаанд, бояд аз Русия онро бозхонд кунанд.


Аммо мақомоти Бонки Миллӣ гуфтанд, бархе муҳоҷирон аз Русия маблағ фиристода, худашон ба Тоҷикистон омадаанд ва аз ин хотир онҳо имконият доданд, ки маблағи худро аз "Амонатбонк" бигиранд.

Дар Бонки Миллии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, ки шаҳрвандони зиёде аз дармондани маблағашон дар низоми "Золотая корона" ба онҳо шикоят кардаанд. Корманди яке аз бонкҳои Тоҷикистон ҳам бе зикри номаш гуфт, "пули зиёде аз шаҳрвандон дар низоми "Золотая Корона" дармондааст", вале аз овардани рақами мушаххасе худдорӣ кард.

Низоми "Золотая Корона" дар гузашта беш аз 80 дарсади пули муҳоҷиронро ба Тоҷикистон интиқол медод.

Се рӯз барои гирифтани пули "Золотая Корона" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Ҳанӯз суолҳо дар бораи кори маркази нави пулгузаронӣ дар Тоҷикистон зиёд аст, вале мақомот ба пурсишҳои чолишбарангез ҷавоб намедиҳанд. Айни замон шикояти муҳоҷирон ва наздикони онҳо дар бораи фиристодану гирифтани пул кам нашудааст.

Муҳоҷирони корӣ дар 9 моҳи имсол аз хориҷа ба кишвар тақрибан 2,5 миллиард доллар фиристодаанд. Ба ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ аст.

Матлабро бо забони русӣ дар инҷо хонед

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видео доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG