Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар соҳилҳои Туркия 7 муҳоҷири савори киштӣ ғарқ шуданд


Киштие, ки субҳи 26 декабр муҳоҷирон – шаҳрвандони Афғонистон, Покистон ва Бангладешро интиқол медод, дар дарёе дар қисмати шарқии Туркия чаппа шуд ва дар натиҷа, ҳафт нафар дар об ғарқ шуд. Волии минтақаи Битлис бо нашри изҳороте гуфт, ки дасти кам 64 нафари наҷотёфтаро ба беморхонаву паноҳгоҳҳои атроф интиқол доданд. Дар ин изҳорот омадааст, ки киштие бо беш аз 70 муҳоҷир дар обҳои дарёи Ван лаҳзаҳое, ки ба шаҳраки Одилҷувози вилояти Битлис наздик мешуд, ғарқ шуд. Панҷ нафарро аз дохили об мурда берун оварданд ва ду нафари дигар дар беморхона ҷон доданд. Ҳодиса соатҳои 2:30-и шаби панҷшанбе рух додааст. Дафтари раиси вилоят гуфт, ки баробари рӯй додани фоҷеа ба макони ҳодиса хадамоти изтирорӣ ва полис сафарбар шуд. Феълан маълум нест, ки чаро муҳоҷирон на аз роҳи заминӣ, балки обӣ ҳаракат карданд. Дарёи Ван ба Эрон ҳам хеле наздик аст, вале пурра аз назди соҳилҳоии Туркия убур мекунад. Туркия гузаргоҳи муҳими сокинони Осиё ва Ховари Миёна ба самти Аврупо маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG