Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастрасӣ ба интернет дар бахшҳое аз Эрон маҳдуд шуд


Рӯзи 25-уми декабр, як рӯз пеш аз эътирозҳои эҳтимолӣ дар Эрон, мақомоти ин кишвар имкони кушода шудани сайтҳои хориҷиро дар интернети мобилӣ қатъ кардааст.

Хабаргузориҳои он кишвар бо ишора ба изҳороти Вазорати мухобирот ва иттилооти фаннӣ навиштааст, ки қатъи интернети мобилӣ бо дастури мақомоти амниятӣ сурат гирифтааст. Ҳамин манбаъ афзудааст, ки қатъи интерент дар вилоятҳои Албурз, Курдистон ва Занҷон ҷорӣ шудааст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, эҳтимол дар вилоятҳои дигар ҳам, пайвасти интернети мобилӣ бо сайтҳои хориҷӣ қатъ шавад. Сомонаи "Нет блокс", ки пайвастҳои байналмилалии интернетиро муроқибат мекунад, тасдиқ кардааст, ки сар аз соати 6:30 дақиқаи субҳи имрӯз дастрасӣ ба интернет дар якчанд вилояти Эрон мутаваққиф шудааст.

XS
SM
MD
LG