Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон барои хориҷиҳои дорои шиносномаи СММ равуои бе визаро иҷозат дод


Сар аз 1 январи соли 2020 шаҳрвандони хориҷие, ки шиносномаҳои СММ (шиносномаҳои дорои ранги сурхи Laissez-Passer)-ро доранд, метавонанд бидуни виза вориди Узбекистон шаванд ва то 30 рӯз дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Дар ин бора президенти Узбекистон рӯзи 24-уми декабр фармон содир кард.

Бар асоси ин ҳуҷҷат, виза барои шаҳрвандони дорои чунин шиносномаҳо аз сӯи вазорати корҳои хориҷии Узбекистон давоми ду рӯзи корӣ дар асоси номаи даъваткунандаи ҷониби Узбекистон дода мешавад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, шаҳрвадони дорои ҳуҷҷатҳои биометрии СММ, ки тасмим доранд, вориди Узбекистон шаванд, бояд бо худ шиносномаҳои миллӣ низ дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG