Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" ба раҳоии бунёдгузори сомонаи Викиликс (Wikileaks) Ҷулиан Ассанж аз зиндони Белмарши Бритониё даъват кард.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Ассанж ба хотири бад шудани вазъи саломатияш бояд аз зиндон озод шавад. "Гузоришгарони бидуни марз" ҳамчунин аз ИМА дархост кардааст, ки айби ҷосусӣ алайҳи Ассанжро бекор карда, аз дархости истирдоди вай даст бикашад.
Ахиран даҳҳо табиб аз як қатор кишварҳо дар робита ба вазъи саломатии бунёдгузори WikiLeaks дар зиндон изҳори нигаронӣ карда буданд.
Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард. Мақомоти Эквадор моҳи апрели соли равон ҳаққи паноҳандагии Ассанжро бекор карда, вайро ба мақомоти Бритониё супурданд. Ҳоло ӯро барои нақзи қоидаҳои раҳоӣ бар ивази гаравпулӣ 50 ҳафта ба ҳабс гирифтанд. Ҳамчунин масъалаи истирдодаш ба ИМА баррасӣ мешавад. Шветсия низ истирдоди Ассанжро талаб карданист.
Ассанж ҳамеша мегуфт, ки аз истирдод шуданаш ба ИМА ҳарос дорад. Зеро дар онҷо ӯро иттиҳомҳои ҷиддӣ мунтазир аст.