Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиши тоҷик. Соли дастовардҳо, аммо бе роҳхати олимпӣ. САДО. ВИДЕО


Мавсими варзишии имсола ба поён расид. Бархе аз варзишгарони тоҷик дар соли 2019 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба як силсила дастовардҳо мушарраф шуданд. Дар ин гузориш нигоҳе дорем ба бурду бохти варзиши тоҷик дар соле, ки сипарӣ мешавад.

Медали тиллои Баҳодур дар қаҳрамонии Осиё

Дастоварди бузурги варзишии сол ба Баҳодур Усмонов марбут аст. Ин муштзани маъруфи тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Баҳодур дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило баъди се пирӯзӣ ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Обада Ал-Касбе аз Урдун дастболо шуд. Зимнан, Баҳодур Усмонов дар таърихи бокси тоҷик чорумин муштзанест, ки ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.

"Мақсади асосии ман ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 мебошад. Кӯшиш мекунам, ки дар Соли нав дар мусобиқаи литсензионӣ соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио шавам",-иброз дошт Баҳодур Усмонов.

Баҳодур Усмонов ва Дилшод Назаров.
Баҳодур Усмонов ва Дилшод Назаров.

Баҳодур Усмонови 22-сола, ки хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст, инчунин имсол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 3 нишони тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардааст. Бояд гуфт, ки барои муштзанҳои Осиё мусобиқаи литсензионӣ ё интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 моҳи феврал дар Чин доир мегардад.

Соли мушкил барои Дилшод

Маъруфтарин варзишгари тоҷик Дилшод Назаров, ки дар ҳама феҳристҳо садрнишин буд, имсол ба мушкиле мувоҷеҳ шуд. Гурзандози машҳур дар қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа –соҳиби медали тилло гардид. Ин панҷумин нишони тиллои ӯ дар қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад. Қарор буд ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар иштирок кунад, аммо ба гумони истифодаи допинг ё маводи манъшуда Дилшод аз ҳаққи иштирок дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ маҳрум шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Варзиши тоҷик. Соли дастовардҳо, аммо бе роҳхати олимпӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:34 0:00

Созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук 24-уми сентябр номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шудаанд.

Дилшод Назаров, қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016, дар як изҳороти худ рӯзи 4-уми октябр дар сафҳаи фейсбукиаш иттиҳоми истеъмоли допингро таҳқиромез унвон кард. Ӯ навишт, ки омодаи ҳамкорӣ бо созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук ва Федератсиони байналмилалии варзиши сабук ҳаст, то собит кунад, ки ҳеҷ гоҳ допинг истеъмол накардааст.

Имсол соли Сомон буд

Паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков соли 2019 дар таърихи варзиши тоҷик саҳифаи нав боз кард. Ӯ нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола гардид.

Сомон Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков.

Ин паҳлавони ҷавони тоҷик дар вазни то 73 кило ғолиб шуд. Ӯ дар финал Георгий Елбакиевро аз Русия шикаст дод. Сомон Маҳмадбеков дар маросими истиқболаш дар Фурудгоҳи Душанбе гуфт, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон танҳо дар бораи азхуд кардани нишони тилло фикр мекард.

"Худоро шукр, ҳамин хел ҳам шуд. Ман пас аз мусобиқа дар Токио 2-3 шаб хоб карда натавонистам. Дар он ҷо нишони биринҷиро гирифта будам. Бо хости Худо, дар ин сабқати ҷаҳонӣ байни ҷавонони то 21-сола нишони тиллоро соҳиб шудам."

Коршиносону мутахассисони соҳа бо таваҷҷӯҳ ба натиҷаҳое, ки Сомон Маҳмадбеков дар сабқатҳои ҷаҳонӣ дошт, аз ӯ медали тиллоро интизор доштанд.

Варзиши тоҷик -- дастовардҳои сол бе роҳхати олимпӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:16 0:00
Линки мустақим


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон, мегӯяд, "ин дар таърихи Тоҷикистон нахустин медали чемпионати ҷаҳон дар байни ҷавонон аст. Ӯ соли 2017 байни ҷавонон сазовори нишони биринҷӣ шуда буд ва мо бовар доштем, ин дафъа сазовори медали тилло мегардад. Мо аз ӯ ояндаи хуб интизорем".

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Вай имсол ҳамчунин дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи Grand Slam дар шаҳри Осакаи Ҷопон барандаи медали биринҷӣ шуд. Сомон мегӯяд, ҳамакнун ягона ҳадафи ӯ ва муррабиёнаш ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мебошад.

Наврасе дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии шоҳмот

Сабрина Абророва
Сабрина Абророва

Дар мавсими имсолаи варзиш бархе аз духтарони тоҷик низ дар мусобиқоти байналмилалӣ муваффақ шуданд. Шатранҷбози наврас Сабрина Абророва дар Бозиҳои V ҷаҳонии наврасони ҳамватан дар Ханти-Мансийски Русия медали тилло ба даст овард. Ӯ дар мусобиқаи шоҳмот миёни духтарон дар 11 бозӣ 10,5 имтиёз гирифта, ғолиб шуд.

"Хотирмонтарин лаҳза барои ман ҳамон лаҳзае буд, ки ба пояи мақоми аввал баромадаму он ҷо суруди миллии кишварам садо дод, хеле хурсанд шудам".

Сабрина Абророва хонандаи синфи 6-уми литсейи № 55-и шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ дар оилаи шатранҷбоз ба дунё омадааст ва аҳли хонаводаашон аз бозии шоҳмот огаҳӣ доранд. Устоди аввалини Сабрина падараш Рустам Аброров мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Сабрина дар таърихи шоҳмоти Тоҷикистон аввалин наврасест, ки дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ мақоми аввалро касб намудааст.

"Миёни беҳтарин шоҳмотбозони ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт. Бо шатранҷбозон аз Арманистон, Гурҷистон, Русия, Олмон ва Амрико рақобат кард. Ман боварӣ доштам, ки духтарам пирӯз мешаваду бо сари баланд ба Ватан бармегардад."

Сабрина Абророва, инчунин имсол дар қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ миёни наврасони зери 14-сола дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оид ба рапид ва шоҳмоти маъмулӣ ду медали нуқра ба даст овардааст.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон

Мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ягона дастае буд, ки имсол дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия ширкат дошт.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи "Е" бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун рақобат карданд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии аввали худ бар мунтахаби наврасони Камерун, қаҳрамони Африқо, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Вале футболбозони навраси тоҷик ду бозии дигари сабқати гурӯҳиро ба дастаҳои Испания ва Аргентина бохтанд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи худ бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.

Соли 2019 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Онҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2020 талош карданд, вале натавонистанд роҳхат ба даст биёранд. Аз оғози Соли нав варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ талош хоҳанд кард.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG