Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари яке аз мактабҳои бузургтарини тасаввуф дар Эрон даргузашт


Нуралӣ Тобанда
Нуралӣ Тобанда

Нуралӣ Тобанда, раҳбари яке аз бузургтарин мактабҳои тасаввуф дар Эрон, дар 92-солагӣ вафот кардааст.

Хабаргузории нимарасмии ИСНО гузориш дод, ки Тобанда рӯзи 24-уми декабр дар шифохонаи "Меҳр"-и Теҳрон даргузашт.

Тобанда пешвои тариқати сӯфиёни Неъматуллоҳӣ аст, ки марказаш дар вилояти Хуросон аст ва пайравонаш дар саросари Эрон мебошанд. Солҳои ахир Тобанда ва пайравонаш чанд дафъа дастгир шудаанд.

Онҳо аз ҷумла бо нерӯҳои амниятӣ ва гурӯҳҳои ниманизомии тарафдори давлат даст ба гиребон шудаанд.

Тариқати сӯфӣ дар Эрон манъ нест, аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳукумати Эрон сӯфиёнро таъқиб мекунад.

XS
SM
MD
LG