Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номи расонаҳоро дар Узбекистон осон мекунанд


Дар Узбекистон барои сабти ном кардани расона муроҷиати ҳатмӣ ба Оҷонсии иттилоъ ва иртибототи кишварро бекор карданд.

Ҳамакнун дар Узбекистон сабти номи расонаи нав дар Маркази хадамоти давлатӣ сурат мегирад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба девони вазирони Узбекистон хабар доданд.

Муқаррароти нави сабти номи расона танҳо талаб мекунад, ки муассис ба Маркази хадамоти давлатӣ ва Портали ягонаи хадамоти мутақобилаи давлатӣ бо нишонии my.gov.uz муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод кунад.

Расонаҳо менависанд, сабти номи расонаи нав бар асоси муқаррароти ҷадид 15 рӯзро дар бар мегирад. Ин муҳлат пештар 30 рӯзро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG