Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи варзишгарони тоҷик. Дилшод Назаров – 75000 сомонӣ, Сомон Маҳмадбеков – 50000 сомонӣ


Сомон Маҳмадбеков
Сомон Маҳмадбеков

Ба 42 варзишгари тоҷик барои дастовардҳо дар мавсими соли 2019 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаҳои пулӣ дода шуд. Ин маросим рӯзи 24-уми декабр дар Душанбе баргузор гардид. Мақомот гуфтанд, пули ҷоизаҳо аз Фонди захиравии президент ҷудо шудааст ва 911 250 сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки имсол ягон нафар аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон медал ба даст наовардааст. Инчунин, то ҳоло касе аз Тоҷикистон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат нагирифтааст.

Ба Дилшод Назаров (қаҳрамони Осиё оид ба гурзандозӣ) ва Баҳодур Усмонов (қаҳрамони Осиё оид ба бокс) ҷоиза ба маблағи 75000 сомонӣ тақдим гардид.

Ба Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (барандагони медали нуқраи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо), Шаҳриёр Даминов (барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё оид ба қайиқронӣ дар каноэ), Сомон Маҳмадбеков (қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон) ҷоиза ба маблағи 50000 сомонӣ супурда шуд. Инчунин Даминов ҳамчун барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё 25000 сомонӣ гирифт.

Шумораи зиёди пешниҳодшудагонро варзишгарони ҷавон ташкил медоданд, ки дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон бо медалҳо сарфароз гаштаанд. Онҳо бо ҷоизаҳо ба маблағи аз 3750 то 30000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин дар ин маросим аз рӯи 15 номинатсия беҳтаринҳои соҳа эълон гардида, бо ҷоизаҳои молӣ мукофотонида шуданд.

Аз он ҷумла, ҷоизаи беҳтарин варзишгари сол байни бузургсолон аз рӯи намудҳои олимпӣ ба Баҳодур Усмонов (бокс), беҳтарин варзишгари сол байни бузургсолон аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ ба Сиёвуш Иброҳимов (таэквондо ИТФ), беҳтарин варзишгари сол миёни ҷавонон аз рӯи намудҳои олимпӣ ба Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), беҳтарин варзишгар миёни занон ба Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук), беҳтарин дастаи варзишии сол ба мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи Тоҷикистон, беҳтарин мураббии сол ба Зайниддин Раҳимов (футбол) супурда шуд.

XS
SM
MD
LG