Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисаи Кӯлоб ҷавонеро бо гумони қасди оташ задани арчаи солинавӣ боздошт кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, Фарҳод Азизхони 27-соларо бо гумони кӯшиши оташ задани арчаи солинавӣ ва ҳамла ба маъмурони милиса дастгир кардаанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Кӯлоб 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса соатҳои 6 ба 7-и субҳи имрӯз иттифоқ афтод".

Тасдиқи хабар аз манобеи мустақил имконнопазир аст.

Наздикони Фарҳод Азизхон низ то ба ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ҳамсуҳбати мо дар ниҳодҳои интизомии Кӯлоб гуфт, "милисаи посбон пеши роҳашро мегирад ва ӯ аз назди арча мегурезад. Милиса аз паяш мешавад ва барои дастгир кардан ба хонаашон мераванд. Бо корд ба милиса ҳамла кардааст. Касе зарар надидааст ва феълан дар боздошт аст," -- афзуд ӯ.

Як корманди Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб боздошти Фарҳод Азизхонро тасдиқ кард, вале сабаби дастгир кардани ӯро нагуфт.

Ин ҷавон аз маҳаллаи Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб буда, дар гузашта бо гуноҳи фурӯши маводи мухадир зиндонӣ шуда будааст. Ӯро як сол пеш озод кардаанд.

"Ҳоло муфаттишон пурсуҷӯ доранд, то дақиқ шавад, ки далели ба ин кор даст заданаш чӣ буд," -- гуфт манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ, вале афзуд, "дар ин замина парванда боз нашудааст".

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG