Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Ҷонсон: "Дар бораи Русия дучори иштибоҳ шудам"


Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё гуфтааст, ки дар бораи Русия дучори "иштибоҳ" шудааст ва бовар надорад, ки робитаҳои ду кишвар дигарбора танзим шавад. Ихтилофҳои зиёд боиси шикоф дар муносибатҳои Бритониё ва Русия шудааст.

Дар мусоҳибае бо маҷаллаи бритониёии Spectator, ки рӯзи 23-юми декабр ба нашр расид, оқои Ҷонсон гуфтааст, дар ин маврид, ки оё барқарории дубораи робитаҳо бо Русия мумкин аст ё на, воқеан назарашро дигар кардааст.

"Ман воқеан фикр мекардам, ҳамчунонки бисёре аз собиқ вазирони умури хориҷии ва нахуствазирони пешин фикр карданд, ки метавонем дубора аз Русия шурӯъ кунем. Ин кишваре бузурге аст мо якҷо алайҳи фашизм ҷангидем",-гуфт вай ба суоли "кай шумо назари худро тағйир додед".

"Инки дучори иштибоҳ шудам, бисёр ноумедкунанда аст",- гуфтааст Ҷонсон, ки аз соли 2016 то соли 2018 вазири умури хориҷӣ буд ва аз моҳи июли имсол ба унвони нахуствазири ин кишвар ифои вазифа мекунад.

Нуқтаи назари Борис Ҷонсон дар ҳоле садо дод, ки авохири ҳафтаи гузашта ба Эстония сафар карда буд ва умедворӣ намуд, ки робитаҳои кишвараш бо Русия беҳбуд ёбад.

XS
SM
MD
LG