Бунёдгузори ҳаракати "Умут-2020" ва духтари Чингиз Айтматов -- Ширин Айтматова боздошти шавҳарашро шарҳ дода, гуфт, таслим нахоҳанд шуд ва касе низ наметавонад онҳоро маҷбур созад, ки хомӯш бишаванд.
"Боздошти шавҳари ман ба фаъолияти ҳаракати мо - "Умут-2020" рабт дорад. Бо ин боздошт мехоҳанд аз муборизаи мо зидди дуздҳо пешгирӣ кунанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои дуздҳо, бо мо муборизаро оғоз кардаанд. "Умут-2020" бо вуҷуди боздошти шавҳараму таъқиби фаъолон, муборизаро барои барқарории адолат дар кишвар идома медиҳад", - омадааст дар изҳороти Айтматова.
Ширин Айтматова, ки дар гузашта вакили порлумони Қирғизистон буд, шоми 19 декабр аз нопадид шудани шавҳараш дар фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон хабар дод.
Баъдтар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки Сиргака Кенҷебоев, шавҳари Ширин Айтматова бо гумони "қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон", боздошт шудааст.
"Шавҳарамро КДАМ дар фурудгоҳи Алмато боздошт ва ба Бишкек бурд. Пурсуҷӯ хоҳем кард. Таъқиб идома дорад",-навишт ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ширин Айтматова тасмим дошт, ҳамроҳ бо хонаводааш тавассути фурудгоҳи Алмато ба хориҷ равад.