Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Узбекистон чӣ гуна гузашт? Баҳои САҲА ва ИДМ


Ҳизби Либерал-демократи Узбекистон дар интихоботи порлумонии ин кишвар баранда эълон шуд, дар ҳоле ки нозирони САҲА гуфтанд, овоздиҳӣ бо “қонуншиканиҳои ҷиддӣ” гузашт. Айни замон нозирони байналмилалӣ гуфтанд, нисбат ба “садои мустақил” таҳаммулпазирӣ эҳсос шудааст.

Баъди се соли дар интихоботи президентии Узбекистон пирӯз шудани Шавкат Мирзиёев, рӯзи 22-юми декабр дар ин кишвар нахустин интихоботи порлумонӣ барпо шуд.

Мирзиёев ҳангоми сари қудрат омаданаш дар соли 2016 ваъда дод, ки даст ба ислоҳот мезанад. Роҳи Мирзиёев ба қудрат баъди он боз шуд, ки сентябри соли 2016 дар пайи беморӣ президенти Узбекистон Ислом Каримов даргузашт. Каримов тақрибан се даҳсола бо панҷаҳои оҳанин ин кишвари серҷамъияти Осиёи Марказиро раҳбарӣ мекард ва созмонҳои ҳомиии ҳуқуқи башар ӯро дар саркӯби озодиҳо интиқод мекарданд.

Интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе зери шиори “Узбекистони нав, интихоботи нав” баргузор шуд. Ҳамаи панҷ ҳизби иштирокдори интихобот дар Узбекистон пуштибонии худро аз Мирзиёев баён карданд.

Бар асоси натиҷаҳои ибтидоии овоздиҳӣ, ки 23-юми декабр эълон шуд, ҳизби Либерал-демократии Узбекистон 43 курсии маҷлиси иборат аз 150 курсиро дар Олий Маҷлис ё палатаи поёнии порлумони Узбекистон соҳиб шудааст. Баъди ин, бо 35 курсӣ “Миллӣ Тикланиш” ё “Эҳёи миллӣ” баранда шудааст. Дар ҷойи сеюм бо 21 курсӣ ҳизби “Адолат” ё ҳизби сотсиал-демократ қарор дорад.

Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, дар интихобот 70 дарсади мардуми қобили раъй иштирок карданд, дар ҳоле ки барои баргузоршуда эълон шудани интихобот ширкати 33 дарсади мардум кофӣ аст.
САҲА, ки ҷараёни овоздиҳиро дар интихобот мушоҳида кардааст, гуфт, дар овоздиҳӣ бархе пешравиҳо буданд, вале камбудҳо ё қонуншиканиҳо ҳам кам набуд.

Георгий Тсеретели, президенти маҷмааи порлумонии САҲА гуфт, “интихобот бар асоси қонунҳои пешрафта, дар шароити таҳаммулпазирии садоҳои мустақил баргузор шуд, вале ҳамоно эҳтироми пурраро ба муқаррароти рӯзи интихобот ба намоиш нагузошт”.

Тсеретели дар нишасти матбуотиаш дар Тошканд рӯзи 23-юми декабр гуфт, ҳизбҳои рақобаткарда барномаҳои сиёсии худ ва матбуот - мунозираҳои интихоботии номзадҳоро намоиш доданд ва аввалин бор аксари ин баҳсҳо ба таври зинда дар телевизион пахш шуд. Бо ин вуҷуд, муқаррароти марбут ба мунозира ё баҳсҳо хеле маҳдудкунанда ҳастанд ва имкониятҳои сиёсӣ маҳдуд боқӣ мемонанд”.

Ба гуфтаи раҳбари ҳайати нозирони САҲА, аз назари онҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ “қонуншиканиҳои зиёд ва ҷиддӣ” сабт шудааст, ки дар миёни онҳо овоздиҳӣ ба ҷойи дигарон ва мушкили ҳисоби овозҳо ҳам дида шудааст.

Дар баҳои нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфта шуд, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ қонуншиканиҳои хурде сабт шуд ва таъкид гардид, ки ин ҳолатҳо ба натиҷаҳои куллии овоздиҳӣ таъсире надорад. Дар ин бора рӯзи 23-юми декабр Сергей Лебедев, раиси ҳайати нозирони интихоботӣ хабар дод.

XS
SM
MD
LG