Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар ифтитоҳи пули Қрим ширкат кард


Путин савори қатор аз пули нав убур кард
Путин савори қатор аз пули нав убур кард

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 23 декабр дар маросими ифтитоҳи роҳи оҳан дар пули пайвасткунандаи Русия бо нимҷазираи ишғолшудаи Қрим иштирок кард. Киев, ИМА, Иттиҳоди Аврупо сохтмони ин пулро ҳамчун нақзкунандаи истиқлолият ва тамомияти арзии Украина маҳкум карда, Ғарб ширкатҳои сохтмониеро, ки дар бунёди ин тарҳ иштирок карданд, таҳрим кард. Путин дар маросими ифтитоҳи пуле, ки 19 км дарозӣ дорад, гуфт:

“Шумо бо кор ва истеъдоди худ, бо дилгармиву сарсупурдагиатон собит кардед, ки Русия тавони иҷрои чунин тарҳҳои сатҳи ҷаҳониро дорад. Ин як пули азимтарин на танҳо дар Русия, балки дар тамоми Аврупо аст”.

Моҳи ноябр ширкати хусусии роҳи оҳани Grand Service Express эълон кард, ки нахустин қатор аз шаҳри Санкт-Петербург ба Севастопол 23 декабр ҳаракат мекунад ва фосилаи 2,741 км роҳро дар 43,5 соат тай хоҳад кард. Қарор аст 24 декабр қаторе аз Маскав ба Симферопол ҳаракат кунад ва ин роҳ 33 соат ва 2.009 км-ро дар бар хоҳад гирифт. Тарҳи сохтмони пул, ки онро тӯлонитарин дар Аврупо меноманд, 3,7 миллиард доллар арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG