Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Қазоқистон Галим Жарилгапов, ки рӯзҳои 17-21-уми декабр дар шаҳри Қарағанда баргузор шуд, ду медали тилло ба даст оварданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон, мусобиқаи XXXVI байналмилалӣ ба хотираи Галим Жарилгапов дар Маркази бокси ба номи Серик Сапаеви Қарағанда бо иштироки варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Финляндия ва Чин аз рӯи 13 вазни олимпӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) сурат гирифт.
Муштзани тоҷик Бахтиёри Мирзомуҳаммад дар рақобатҳо дар вазни то 75 кило бар Бекболат Абдукарим, Ерсултан Советов (ҳарду аз Қазоқистон) ва Артур Захарченко (Русия) пирӯз шуда, ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Беринбай Нуримбетов (Қазоқистон) ғолиб омада, ҷойи аввалро соҳиб гашт.
Медали дувуми тиллоро ба Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев овард. Ӯ дар вазни то 81 кило бар Баҳром Фозилов (Узбекистон), Денислом Абдешов, Жанилбек Картбоев (ҳарду аз Қазоқистон) дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Шаббос дар финал Эркебулан Акимбайро аз Қазоқистон шикаст дод.
Ҳамчунин муштзанҳои тоҷик дар аввалин мусобиқаи Гранд Слами Осиё оид ба бокс, ки рӯзҳои 18-22-юми декабр дар шаҳри Сиамени Чин баргузор шуд, ду медали нуқра гирифтанд. Медалҳои нуқраро Наврӯз Ҷафоев дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило миёни мардон ва Фарида Самиева дар вазни то 51 кило миёни занон ба даст оварданд.
Дар аввалин мусобиқаи Гранд Слами Осиё оид ба бокс дар Сиамени Чин муштзанҳо аз ёздаҳ кишвар - Австралия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Малайзия, Муғулистон, Непал, Сингапур, Тайланд, Тайпейи Чин, Тоҷикистон, Филиппин ва Ҳиндустон ширкат доштанд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 13 вазни олимпӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни занон) доир шуд.
Аз ба истило ,,хукумати худкомаи,, Точикистон гуе ки фирор карданд ва озими Европа мешаванд. Вале аз нияту, маром ва максадхои нопокашон хеч вакт даст намекашанд. Инхоро агар ба Мох ва е Миррих хам одам равон кунад аз мафкураи танги Дини даст нахоханд кашид. Чунки ба шайтон байхат кардаанд ва фикрашон на Инсондусти ва Зиндаги балки факат намоз хондану чиходу катлу куштори инсон он хам бошад ба номи Аллох ва Исломи худашон. Чояшон факат зиндон аст ва е гуристон.
Аҷиб, бемории COVID-19 дар Тоҷикистон набошад пас 2 миллион ваксина барои чи лозим? Агар ин қадар истеҳсолот зиёд шуда бошад пас чаро буҷаи давлатӣ кам баромад? Агар ин қадар ҷойҳои кории нав ташкил шуд, чаро сафи бекорон ва камбизоатӣ зиёд шуд? Истеҳсоли барқ зиёд шуда бошад чаро лимити шадид дар тамоми Тоҷикистон? Умуман ин қадр пешрафту комёбиҳои зиёд шуда бошад чи лозим боз қарз мегиранд аз ташкилотҳои молиявии хориҷӣ? Чаро ягон сухани гуфта шуда дар ҳает ҳақиқат надорад ё баракс аст? .
Дар бораи нарх : !!!!!! Чихел намефахмед ??? Иктисоди бозаргони, давлат ба нарх дахолат намекунад, Умуман минталитети мардуми мо то хол ба СССР монандаст, бояд хаммакорро давлат кунал, чои кор дихад, заводу фабрика созад, нархи арзон дихад, як савол , аз кучо??? 9000000 мардум факат аз гиребони давлат. Барои мисол: Амрикоро давлат бой накардааст, мардумаш талош карданд, хонданд, босавод шуданд, Apple, Microsoft, Boeing, долар, интернет, GM, Tesla, Ford, Cadillac, Биржа, ООН, ЮНИСЕФ, Macdonalds, KFC, NIKE, SpaceX, NATO боз чандин бренхои дигар. ! Ягонтаи инро давлат насохтаас! Аз пушти инхо давлат бой шуд. Дар Точикистон ягон падару модар ба таълими фарзандаш ахамият намедихад, барои он ки худащ бесавод аст, бесавод калон мешавад, гиребони давлатро мегирад, Давлат вазифааш таъмини сулху бехатари ва отношении хуб бо давлахои хорича мебошад. Барои хамин мо бояд идеае ё коре кунем ки давлат аз пушти мо бой шавад. Пушида нес Точикистон уммуман бойгари надорад, ба монанди нефт, газ, тилло... Барои хамин мардум!: худ бояд аз паи фикру допишу навигари шавед. Як бор фикр кунед! Мо хаммамон бесавод хастед. Ин хуб нес, ки худ аз дастат чизе намеояду гиребони як каси дигарро мегири ки хаммаи чизро бароят мухаё кунад, ин нодуруст аст. Бесаводистон
Охир то кая мардумро фиреб мекунед шарм кунед камтарак не чойи кору не пулу не мол ба хама аз муаллиму донишчу ректор зулм кардан бас аст ин Халк 1 мох баьд бинед чи ходиса мешавад ба ин бекори
Демократияву адолати аврупои ана инро мегуянд! Дар мо барои як лайк ё коммент аз 10 то 15 соли умри чавонои нозанина паси панчара бурданд. Гур дар сари шуравиву чахони рус! Хама вахшигариву, хашму нодурустихо аз хамонхо ба мо меърос мондааст. Мо точикон бештар бояд бо Аврупо равобити хуб баркарор кунем, на барои кор, балки барои тахсилот. Насихат барои чавонои хунгарм. Мухочирон дар Хабаша беодоби намекарданд! Лутфан одобу ахлоки накуро пеша кунед!