Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуд


Нерӯҳои амрикоӣ таъйид карданд, ки як сарбози он кишвар дар Афғонистон кушта шудааст. Толибон ҳам иддао намуданд, ки ин сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи онҳо дар Кундуз ба ҳалокат расидааст. Баёнияи вазорати дифои Амрико бидуни зикри ном ва ҳувияти ин сарбоз ва маҳали рух додани ҳодиса, танҳо аз кушта шудани як сарбоз хабар додааст.

Бино бар қонунҳои дохилии вазорати дифои Амрико, ном ва ҳувияти афроди артиш дар сурате, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ ҷони худро аз даст диҳад, ба муддати 24 соат ва то замони огоҳ кардани хонаводаи ӯ, набояд фош шавад.

Хабаргузории "Франс пресс" иттилоъ додааст, ки гурӯҳи Толибон, масъулияти куштори сарбози амрикоиро бар дӯш гирифтааст. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид тавассути шабакаи иҷтимоии "Вотсапп" изҳор намудааст, ки ин гурӯҳ як мошини низомиёни амрикоиро рӯзи 22-юми декабр дар ноҳияи Чордараи вилояти Кундуз мунфаҷир намуданд.

Хабаргузории Олмон низ мегӯяд, сухангӯи Толибон дар баёнияе иддао кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ ва афғон тавассути маводи тарканда ҳадаф қарор гирифтаанд. Дар ин баёния гуфта шудааст, ки нерӯҳои амрикоӣ ва афғон дар ҳоли омодабош барои анҷоми як амалиёти ҳуҷумӣ будаанд.

Моҳи пеш низ ду сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ва дар пайи сарнагун шудани як чархбол кушта шуданд. Дар он замон Толибон иддао карда буданд, ки ин чархболро ҳадаф қарор дода ва "бисёре кушта шудаанд". Бо ин ҳол, артиши Амрико ин гуфтаи Толибонро радд карда, онро "хабари ҷаълӣ" номид.

Ҳодисаи рӯзи душанбеи 23-юми декабр, шумораи амрикоиҳои кушташуда дар Афғонистонро дар соли ҷорӣ ба 20 мерасонад. Беш аз 2400 сарбози амрикоӣ тайи 18 соли ҷанг дар Афғонистон кушта шудаанд.

Амрико дар соли ҷорӣ ба музокироте бо гурӯҳи тундрави Толибон барои поён додан ба ҷанг дар Афғонистон рӯй овард. Ин музокиротро аз сӯи Амрико Залмай Халилзод пеш мебарад. Музокирот бо интиқодҳои зиёде дар дохили Афғонистон рӯбарӯ будааст. Дар ҳоли ҳозир бахшҳое аз Афғонистон дар контроли Толибон қарор дорад.

Музокирот дар ниҳоят пас аз кушта шудани як сарбози амркоӣ дар ҷараёни ҳамлаи Толибон, ба дастури президенти Амрико Доналд Трамп мутаваққиф шуд. Бо ин ҳол, дар миёнаҳои моҳи ҷорӣ расонаҳо хабар доданд, ки Амрико ин гуфтугӯҳоро дар Қатар дигарбора оғоз кардааст.

Дар Афғонистон наздик ба 20 ҳазор сарбозу афсари хориҷӣ ҳузур доранд, ки 14 ҳазор нафарашон амрикоӣ ҳастанд. Президент Доналд Трамп талош дорад, ки ҳузури 18-солаи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро хотима бахшад. Ӯ дар соли 2016 ба интихобкунандагонаш чунин ваъда дода буд. Президент Трамп соли 2020 бори дигар барои курсии президенти ИМА сабқат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG