Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар маросими ифтитоҳи як пул дар Қрим иштирок мекунад


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз, 23-юми декабр президенти Русия Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи як пули баҳсбарангез, ки Русияро бо нимҷазираи ишғолшудаи Қрим мепайвандад, иштирок кунад.

Аслан пул пештар ифтитоҳ ёфта буд, вале сар аз 23-юми декабр он барои равуои қатораҳои роҳи оҳан боз мешавад. Украина, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА сохтмони ин пулро маҳкум намуда, таъкид кардаанд, ки он хилофи соҳибистиқлолии Украина мебошад.

Кишварҳои ғарбӣ бар зидди ширкатҳое, ки дар сохтмони ин пули 19- километра ҳамкорӣ кардаанд, таҳрим ҷорӣ намуданд. Ин пул барои рафтуомади мошинҳо дар моҳи майи соли 2018 ифтитоҳ ёфта буд.

XS
SM
MD
LG